СОЛГАРДИ ҲАМЛАИ ПОЛКОВНИК МАҲМУД ХУДОЙБЕРДИЕВ БА ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОД

24 сол пеш, шаби 3 ба 4 ноябри соли 1998 ҷангиёни полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев аз Узбекистон вориди вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) шуда, дар байни ҳамагӣ чанд соат шаҳри Хуҷанд, навоҳии атрофи он ва то ағбаи Анзобро тасарруф карданд, вале баъди се рӯз боз ба Узбекистон ақиб нишастанд. То кунун бовар меравад, ки Маҳмуд Худойбердиев зинда буда, дар Узбекистон паноҳ ёфтааст. Дар он рӯзҳои аввали моҳи ноябри соли 1998 ҳама ҷо пур аз овозаи эҳтимоли ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев буд. Ҳама ҷо ҳамин мавзӯъ вирди забон буд, ки имрӯз ё пагоҳ ҷангиёни Маҳмуд ба Тоҷикистон ҳамла мекунанд ва ғолибан аз тариқи вилояти Ленинобод. Вале бо ин вуҷуд, ҳамлаи шаби 3 ба 4 ноябр боз ҳам ҳамаро ғофилгир кард ва ба нирӯҳои Худойбердиев муяссар шуд, ки дар байни ҳамагӣ чанд соат тақрибан тамоми нуқтаҳои муҳими стратегӣ дар шаҳрҳои асосии шимоли Тоҷикистон - Хуҷанду Чкаловск, Қайроқуму Ӯротеппа, бо шумули шоҳроҳҳо, фурудгоҳҳо, истгоҳҳои муҳими роҳи оҳан ва ҳам ағбаи Анзоб, танҳо масири иртиботӣ байни шимоли кишвар ва пойтахт шаҳри Душанбе таҳти назорати худ дароранд.

Смотрите также