СОЛГАРДИ 25-УМИ ҲАМЛАИ ПОЛКОВНИК МАҲМУД ХУДОЙБЕРДИЕВ БА ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОД (ҲОЛО СУҒД)

ИН ВИДЕО СОЛИ 2022 ТАҲИЯ ШУДААСТ 25 сол пеш, шаби 3 ба 4 ноябри соли 1998 ҷангиёни полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев аз Узбекистон вориди вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) шуда, дар байни ҳамагӣ чанд соат шаҳри Хуҷанд, навоҳии атрофи он ва то ағбаи Анзобро тасарруф карданд, вале баъди се рӯз боз ба Узбекистон ақиб нишастанд. То кунун бовар меравад, ки Маҳмуд Худойбердиев зинда буда, дар Узбекистон паноҳ ёфтааст. Ба нирӯҳои Худойбердиев муяссар шуд, ки дар байни ҳамагӣ чанд соат тақрибан тамоми нуқтаҳои муҳими стратегӣ дар шаҳрҳои асосии шимоли Тоҷикистон - Хуҷанду Чкаловск, Қайроқуму Ӯротеппа, бо шумули шоҳроҳҳо, фурудгоҳҳо, истгоҳҳои муҳими роҳи оҳан ва ҳам ағбаи Анзоб, танҳо масири иртиботӣ байни шимоли кишвар ва пойтахт шаҳри Душанбе таҳти назорати худ дароранд. Дар байни ҳамагӣ чанд соат ба дасти полковник Худойбердиев гузаштани қисмати асосии қаламрави шимоли Тоҷикистон ҳукумати марказӣ дар Душанберо сахт нигарон кард. Ҳукумат бори аввал барои саркӯби ин нирӯҳои шӯришӣ аз нирӯҳои Иттиҳоди мухолифин, ки тоза як сол пеш бо ҳукумат сулҳ карда буд, кумак хост. Баталйони 25-ум ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ-Ҳалим) ва ҳамин тавр, фармондеҳони аршади мухолифин Мирзо Зиёев, Мирзохӯҷа Низомов, Шоҳ Искандаров ва дигарон нирӯҳои таҳти фармони худро ба кумаки нирӯҳои ҳукуматӣ фиристоданд. Амалиёти зидди Худойбердиев дар вилояти Ленинобод амалан аввалин амалиёти муштараки нирӯҳои давлатӣ ва мухолифин шуд.Дар натиҷа алакай рӯзи 5 ноябр ба ҳукумат муяссар шуд, ки ҷангиёни Худойбердиевро аз пойгоҳи асосиашон – шаҳри Хуҷанд берун андозанд. Рӯзи 7 ноябр тамоми вилоят аз ҳузури одамони Маҳмуд тоза карда шуд.

Смотрите также