ГЕНЕРАЛ СӮҲРОБ ҚОСИМОВ: МЕФАҲМӢ, МО МАРДУМИ ХУДАМОНРО МЕКУШТЕМ...

Генерал Сӯҳроб Қосимов, агар умр вафояш мекард, рӯзи 2 сентябр ба синни 60 мерасид. Ӯ соли 2014 дар синни 53 аз олам чашм пӯшид. Собиқ омӯзгори дефектолог, фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ ва қисми низомии дар вақташ машҳури 3502 ва президенти собиқи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз чеҳраҳои барҷастаест, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 ба майдон овард. Ривояте ҳаст, ки ӯро ҳатто президенти Русия Борис Елтсин "Варзобский хищник” (ваҳшии Варзоб) ном бурдааст. Ӯ аз як фармондеҳи оштинопазири Фронти халқӣ батадриҷ ба як генерали ҷангдида ва таҷрибаандӯхтае таҳаввул кард, ки дар поёни умраш аз нақши худ дар ҷанги шаҳрвандӣ шарм медошт ва эътироф мекард, ки "мо мардуми худамонро мекуштем...”

Смотрите также