ТАЪРИХИ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ НУРАЛӢ, ЯКЕ АЗ ЛИДЕРҲОИ ХУШНОМИ ВОДИИ ҲИСОР

Санаи 27 апрели соли 1994 дар таърихи Ҳисор бо рангҳои сиёҳ ҳаккокӣ шудааст. Ҳисор дар ин рӯз яке аз хушномтарин фарзандонаш – Нуралӣ Раҳимов, маъруф ба Нураличаро аз даст дод. Нуралӣ дар воқеъ яке аз лидерҳои эътирофшудаи ин минтақа дар солҳои 80 ва нимаи аввали солҳои 90 ва аз сарватмандтарин нафарон дар водии Ҳисор ва саросари ҷумҳурӣ дониста мешуд. Худованд тамоми ҷузъу кулли лозим барои лидериро барои Нуралӣ ато карда буд: ҳам тану тӯши паҳлавонӣ дошт, ҳам пулу сарвати беҳисоб ва ҳам чеҳраи ҳамеша кушодаву пур аз ханда ва ҳам дасти хайр.

Смотрите также