Чойхонаи Бухоро. Bukhoro Teahouse.

Барои реклама ва ҳамкори ба номерои +992909793835 занг занед ва ё дар ватсап нависед. Дар даврони истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Душанбе маконҳои истироҳату фароғат, тарабхонаҳо, чойхонаҳо барои сокинону меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷи кишвар хеле зиёд гаштаистодаанд. Яке аз он маконҳо чойхонаи Бухоро ба ҳисоб меравад, ки аз як тараф бо фазои тоҷикона ва нақшу нигори милли ва аз тарафи дигар бо меҳмоннавозии худ дили садҳо сокинон, меҳмонон ва сайёҳонро тасхир намудааст. Чойхонаи Бухоро ба мизоҷони худ ҳамаруза хурокҳои милли ва аврупои пешниҳод карда, дар баробари ин бо хизматрасонии сатҳи олии худ теъдоди сайёхонро ба ин макон зиёд мегардонад. Ин толори якуми чойхонаи Бухоро ба ҳисоб рафта бо нақшунигор ва услуби хоси тоҷикона таҳрези гаштаи худ меҳмонон ва сайёҳони дохилу хориҷи кишварро ҷалб намудааст. Аз як тараф мизу курсӣ ва аз тарафи дигар роҳаткурсиҳо гузошта шудааст, ки маҳфили хоси чойнӯшии тоҷиконро ба хотир меорад — ҷойе, ки мардум бо дилпурӣ менишинанд, чой менӯшанду суҳбати ширин мекунанд. Махсусан дар саҳни чойхонаи мазкур меҳмонон ва сайёҳон шабона ташриф оварда, зери нури маҳтоб ва садои мусиқии форам, дар ҳавои нарми шабона бо нӯшидани як пиёла чойи кабуди тоҷикӣ ва чашидани таомҳои миллӣ, лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаро сипарӣ мекунанд. Муҳити салқину дилнишин онҳоро водор месозад, ки соатҳои дароз ба суҳбатҳои самимӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги тоҷикӣ машғул шаванд. Дуюм ошёнаи чойхонаи "Бухоро" бо мизу курсиҳои шинам ва роҳаткурсиҳои замонавӣ, инчунин кабинаҳои ҷудогона барои оилаҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки барои баргузории нишастҳои хонаводагӣ ва лаҳзаҳои орому хотирмон муҳити муносиб фароҳам оварда меҳмонон метавонанд дар муҳити орому зебо, дур аз ғавғои рӯзгор, бо наздиконашон таомҳои лазизи тоҷикиро нӯши ҷон намоянд. Дар чойхонаҳои Бухоро ба ғайр аз чойнуши боз хурокҳои гарм навъҳои гуногуни шурбо, оши палов, шашлик ва дигар хурокҳои милли ва аврупоиро пешкаш мекунанд. Меҳмонон метавонанд мувофиқи завқи худ аз миёни руйихати таъомҳо, хуроки писандидаи худро интихоб намоянд. Муҳити орому самимии чойхона ва хидматрасонии босифат фазои гуворое барои истироҳат ва мулоқот бо дӯстон фароҳам меорад. Ҳар хӯрок бо муҳаббат ва бо риояи анъанаҳои ошпазии маҳаллӣ омода мешавад, то ки завқи меҳмон комилан қонеъ гардад. Чойхонаҳои тоҷикӣ симои зиндаи анъанаҳои миллӣ мебошанд, ки дар онҳо одобу русуми меҳмондорӣ, хӯрокҳои хонагӣ ва муҳити гарму самимӣ бо ҳам меоянд. Ин маконҳо барои суҳбати орому нишастҳои дӯстона, баррасии корҳои рӯзмарра ва ҳатто баргузории маъракаҳои хурд бисёр мувофиқанд. Дар чойхона на танҳо таъми таомҳо, балки ҳавои шинам, хизматрасонии бо эҳтиром ва фазои фарҳангии тоҷикона дили ҳар меҳмонро тасхир мекунад. Чойхона — оинаи фарҳанги миллӣ ва рамзи дӯстиву якдигарфаҳмии мардуми тоҷик аст.

Смотрите также