VIDEO
Сафари мо ба самти мавзейи сайёҳии Хафкул оғоз гардид ва аз ҳар гӯшае, ки мегузаштем, манзараҳои зебову ҷаззоб пеши назар меомаданд. Ин сафар на танҳо як ҳаракат ба сӯи мақсад буд, балки як таҷрибаи фаромӯшнашаванда, ки ҳар нафасашро бо чашм ва қалб эҳсос мекардем. Тамоми сайёҳони дохили ва хориҷи кишвар ин маконро барои каме тавақуф интихоб намуда аз самбусаҳои болазати ин мавзеъ истеъмол мебаранд. Сайёҳон аз дидани кули Мижгон, ки яке аз гӯшаҳои зебои мавзеи сайёҳии Ҳафткул маҳсуб меёбад, таассуроти фаромӯшнашаванда гирифтанд. Оинаи обии он бо ранги кабуди осмонӣ, ки вобаста ба ҳолати ҳаво тағйир меёбад, ба чашм ҷило мебахшид. Кули аввалини Ҳафткул бо номи Мижгон машҳур аст. Гарчанде ки аз ҷиҳати сохт ва шакл бо мижгон ҳеҷ монандӣ надорад, аммо дар зебоӣ аз он ҳам бартар мебошад. Кул бо ранги садранг ва оби софу мусаффояш диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Хусусияти ҷолиби он дар он аст, ки вобаста ба вазъи боду ҳаво ранги об тағйир меёбад – гоҳ бунафш, гоҳ нилоби сурх, баъзан кабуд ва ҳатто дигар рангҳои ҷолибро ба худ мегирад. Кули Мижгон дар баландии 1596 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, нисбат ба дигар кулҳои дараи Шинг поёнтар воқеъ аст. Ҷуқурии он ба 20 метр мерасад ва дар масоҳати тақрибан 0,05 километр мураббаъ доман паҳн кардааст. Ин гӯшаи нотакрори табиат бо зебоии худ яке аз дилработарин манзараҳои кӯҳистони Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад. Сафари худро идома дода барои сарфаи вақт дар якҷанд кулҳои мавзеи сайёҳии Ҳафткул қарор нагирифтем ва мо кушиш мекунем ки аз ҳар куле гузар мекунем навор ва маълумот оиди кулҳои мавзеи сайёҳии Ҳафткул манзуратон гардонем. Кули навбатӣ — бо номи рамзии Соя маъруф аст. Номи он, ба мисли вижагиаш, пурмаънӣ мебошад. Ҳар қадар рӯз равшан бошад ҳам, чанд соат нагузашта, кулро соя зер мекунад ва ранги обаш ба тиратоб мубаддал мегардад. Кули Соя дар баландии 1700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, паҳноияш ба 100 метр мерасад. Кӯли Ҳушёр яке аз кулҳои зебои силсилаи Ҳафткул ба шумор меравад, ки дар паҳлуи кӯли Соя ҷойгир аст. Ин кӯл дар баландии зиёда аз 1700 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, аз дарёчаҳои кӯҳӣ ва чашмаҳои зериобӣ пур мешавад. Масоҳати он нисбатан хурдтар, вале ранги обаш равшантар мебошад. Атрофи кӯлро қаторкӯҳҳои сабзпӯш иҳота намудаанд, ки манзараи он ба ҳар тамошобин ҳусни хоса мебахшад. Кули навбатии мо — Нофин аст, ки чорумин кӯли мавзеи сайёҳии Ҳафткул ба шумор меравад. Нофин, ки маънояш «мобайн» ё «марказ» мебошад, бо ҷойгиршавии ҷуғрофияш ба ин ном мувофиқ меояд. Ин кӯл дар баландии 1179 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Кӯли Нофин 2,75 километр дарозӣ дошта, бараш қариб 182 метр мебошад ва чуқурии он ба 41,3 метр мерасад. Ин кӯл бо табиати зебо ва обҳои софу шифобахшаш барои сайёҳон ҷозибаи махсус дорад. Дар ҳар фасл ранги оби кул каме тағйир меёбад ва манзараҳои атрофи он ҳамроҳи кӯл ба тасвири ҳайратангез табдил меёбад. Кӯли Хурдак яке аз кулҳои зебои мавзеи сайёҳии Ҳафткул ба шумор меравад. Ин кӯл дар баландии 1183 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва шакли он нисбатан мудаввар буда, андозаи хурд дорад. Атрофи кӯлро кӯҳҳо ва ҷангалҳои сабз фаро гирифта, манзараи фароғат ва оромишро фароҳам меорад. Сайёҳон ба кӯл меоянд, то аз манзараҳои дилфиреби ин мавзеъ баҳра баранд. Кӯли Хурдак воқеан ҳам макони нотакрор барои дӯстдорони табиат мебошад. Бе ягон мушкилӣ то кули 6-ум, яъне кули Марғзор расидем. Барои каме тавақуф ва гирифтани аксҳои хотирави дар ин кул қарор гирифтем. Ин кул – калонтарин аз ҳафтгонаи маҳалли мо мебошад. Он дар баландии 2139 метр ҷойгир шуда, ҳудуди 1,16 километр мураббаъро фаро гирифтааст. Дарозиаш 4,5 километр ва чуқуриаш 45 метр мебошад. Дар баҳор ва тобистон гирду атрофи кул пур аз гул ва сабзазор мешавад. Аз ин сабаб мардум ин маконро «Марғзор» меноманд. Сипас роҳ пеш гирифтем ҷониби кули Ҳазорчашма ки нуқтаи охирини Хатсайри мо ба ҳисоб мерафт. Субҳи содиқ, вақте ки нурҳои аввалини офтоб рӯи қуллаҳои баландро равшан месозанд, манзарае пеши назар меояд, ки ҳуснаш касро мафтун мекунад. Кӯли Ҳазорчашмаи мавзеи сайёҳии Ҳафткул аз миёни садҳо чашмаи оби мусаффо сарчашма мегирад ва аз ҳамин сабаб ин номро гирифтааст. Ин кул нисбат ба дигар кулҳо сабуру ором аст ва рангаш сиёҳчатоб мебошад. Оби мусаффои он бо рангҳои кабуду сабз медурахшад ва атрофашро гулҳои рангоранг зеб медиҳад. Ҳазорчашма яке аз дилфиребтарин ҷойҳои Ҳафткул ба ҳисоб рафта, субҳи барвақт бо садои парандагон ва шаршараи об як навъ оромишу руҳу илҳоми тоза мебахшад. Барои ҳар як сайёҳ ин ҷо на танҳо зебоӣ, балки шифобахшии табиатро эҳсос кардан мумкин аст. Мавзеи сайёҳии Ҳафткул на танҳо маҷмӯи кӯлҳои зебо, балки гӯшае аз биҳишти табиати Тоҷикистон аст, ки бо рангорангии обу гулу гиёҳҳо, ҳавои мусаффо ва оромии хосааш дили ҳар як меҳмонро мафтун месозад. Инҷунин бо зебоии нотакрор, табиати рангоранг ва манзараҳои дилрабояш ганҷинаи нодири Тоҷикистон ба шумор меравад.