ФАРМОНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом доданд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор – аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон озод гардида, Насреддин Исматулло, ки дорои таҷриба ва собиқаи корӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон таъин карда шуд. Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насреддин Исматулло аз вазифаи Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гадида, Ҳамрализода Фаррух, ки дар сохторҳои мақомоти давлатӣ солҳои зиёд фаъолият намудааст, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Смотрите также