Сайт использует сервис веб-аналитики Яндекс Метрика с помощью технологии «cookie». Пользуясь сайтом, вы даете согласие на использование данной технологии.
Корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки ҶДММ Донаи алмос мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
18 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Донаи алмосро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Самти фаъолияти корхонаи мазкур коркард, бастубанд ва содироти меваи хушк буда, дар он зиёда аз 20 навъи маҳсулот, аз ҷумла зардолуи хушки донакдор, писта, олуча, гулхор, чормағзи заминӣ, тут ва омехтаи як қатор меваҳои хушк омода карда мешавад. Корхона бо дастгоҳҳои навини хориҷӣ муҷаҳҳаз буда, дорои тавоноии коркарди то 2000 тонна мева дар як сол ва бастабандии маҳсулот дар шаклҳои гуногун мебошад. Меваи хушке, ки дар корхона коркард мешавад, мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, ба зиёда аз 30 кишвар, аз ҷумла Олмон, Русия, Чин, Беларус, Озарбойҷон, Эрон, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб содирот карда мешавад. Мағзи зардолу аз ин ҷо ба Олмон барои истифода дар коркарди шир содир карда мешавад. 18 ноября в продолжение рабочей поездки в городе Худжанд Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон ввёл в эксплуатацию Предприятие по переработке и упаковке сухофруктов ООО «Донаи Алмос». Направление деятельности предприятия включает переработку, упаковку и экспорт сухофруктов. Здесь производятся более 20 видов продукции, включая сушёные абрикосы с косточкой, фисташки, сливы, гранаты, арахис, шелковицу и смесь различных сухофруктов. Предприятие оснащено современным импортным оборудованием, способным перерабатывать до 2 000 тонн фруктов в год и упаковывать продукцию в разнообразной форме. Сухофрукты, перерабатываемые на предприятии, подготавливаются в соответствии с международными стандартами и экспортируются в более чем 30 стран, включая Германию, Россию, Китай, Белоруссию, Азербайджан, Иран, Турцию и Объединённые Арабские Эмираты. Ядро абрикоса отсюда экспортируется в Германию для использования в переработке молока. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Таджикистан #Tajikistan #Тоҷикистон #Президент #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Хуҷанд #Худжанд #Khujand President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube