Ҷашни 60-солагии “Гулшан” чӣ гуна гузашт?

Рӯзи 14-уми ноябр ҷашни 60-солагии Ансамбли эстрадии “Гулшан” бо ҳузури овозхонони куҳанкор, фарҳангиён ва садҳо мухлис дар Душанбе таҷлил гардид. Мо аз ин ҷашнвора гузориш омода кардем ва ҳамзамон хотироти собиқадорони ин даставу овозхонони шинохтаро пурсидем. Дар ин чорабинӣ, ки дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг ширкат кард ва аз корномаи 60-солаи ин дастаи машҳур сухан ронд. Дар қисмати расмии ҷашн ба сарояндагони куҳансоли даста, ки собиқаи 60 - 80-сола доранд, сипоснома ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг супурда шуд. Лаҳзаи хосаи ҷашн тақдими Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ буд. Мағфират Ҳамроқулова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва яке аз овозхонони собиқадори “Гулшан” Ҷоизаи Рӯдакиро, ки ин даста дар соли 1976 ба даст оварда буду он дар бойгонии Ҳамроқулова нигоҳ дошта мешуд, ба роҳбарияти ҳозираи даста – Баҳоваддин Неъматов тақдим кард. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт:
Facebook:   / asiaplustj   Instagram:   / asiaplustj   #точикистон #asiaplus

Смотрите также