Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар мавриди имону иродаи Мавлавӣ Ҳиндустонӣ ва номаи таҳқиромез унвонии ӯ

10 сол пештар чанде аз дӯстону ҳамкасбони мо мехостанд дар мавриди чеҳраҳои шинохта ва маъруфи Тоҷикистон силсилаи мустанадҳо омода созанд. Дар ин робита чанд корҳое монанди суҳбату мусоҳиба бо афроде, ки дар бораи қаҳрамонҳои мустанадҳо маълумоти зиёд доранд, пажуҳиш кардаанд ё онҳоро аз наздик мешинохтанд, анҷом шуд. Аммо баъдан ин идеяҳо амалӣ нашуд. Ҳоло фикр кардем, ки баъзе аз ин суҳбату мусоҳибаҳоро дар алоҳидагӣ ҳам мешавад, нашр кард. Ва яке аз онҳо суҳбат бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, руҳонии шинохта дар мавриди зиндагии Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавӣ Ҳиндустонӣ мебошад. НАВОРРО БУБИНЕД, ОНРО БА ДӮСТОНИ ХУБАТОН ТАВСИЯ БИДИҲЕД! НАЗАРУ АНДЕШАҲОЯТОНРО БИНАВИСЕД. АЗ ҲАМРОҲИЯТОН ХУШҲОЛЕМ! Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ соли 1892 наздикии шаҳри Хӯқанд (Қӯқанд) дар водии Фарғона ба дунё омада, соли 1989 дар шаҳри Душанбе ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Маълумоти ибтидо¬ии исломиро дар назди падараш гирифта, дар 14-солагӣ Қуръонро дар назди қориёни машҳури Хӯқанд ҳифз кард. Аз синни 16-солагӣ дар Бухорои Шариф, Мазори Шарифу Ҷалолободи Афғонистон ва Аҷмири Ҳиндустон таълимро дар мадраса ва дар назди шахсони алоҳида идома дод. Дар Мадрасаи олии усмонияи Аҷмир 10 сол таҳсил намуда, соҳиби шаҳодатномаи таҳсилоти олии исломӣ шудааст. Аз вай ба унвони “Мавлавӣ”, “Аллома” ва “Қорӣ” ёд мекунанд. #хабар #домулло

Смотрите также