Мавлои Ҳисор: шоир Ғамгин ё Шариф. Филми мустанад. #точик

Парии Ҳисорӣ: Аз шеър то сиёсат. Бо муҳаққиқ Султонмуроди Одина.    • Парии Ҳисорӣ: Аз шеър то сиёсат. Бо муҳаққ...   Ғори Буддоии деҳаи Бустони шаҳри Ҳисор асрҳои I-II-и мелодӣ    • Ғори Буддоии деҳаи Бустони шаҳри Ҳисор аср...   Домулло Муҳаммадшариф намояндаи мактаби нақшбандии тариқат буда, малакаи шоирӣ низ доштааст ва дар баёзҳои аввалҳои асри ХХ иншогашта намунаи ғазалиёти ӯ бо тахаллуси Шариф омада, худи ӯ дар радифи шоирони охири давраи амирӣ номнавис шуда (ба ин мисол шуда метавонад, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Муҳтарам ва «Мероси адабии шоирони Ҳисор»-и Амирбек Ҳабибов), ки ғазали зерин инъикосгари гуфтаҳои болост: Эй дил, ту сӯзи ишқ надорӣ, чӣ фоида? Худро зи аҳли дард шуморӣ, чӣ фоида?... Гуфтам: «Шарифро ба ғуломӣ қабул кун», Гуфто: «Ғуломи пир харидан чӣ фоида?». ВИЛОДАТ. Расулов Муҳаммадшариф, ки бештар бо номҳои Домулло Муҳаммадшарифи Ҳисорӣ ва Мавлои Ҳисор шинохта мешавад, дар деҳаи Қизилқишлоқи бекигарии Ҳисор, дар оилаи зиёӣ ва киштварз ба дунё омадааст. Падари Муҳаммадшарифро Муҳаммадрасул ва модарашро Ҳалима меномиданд. Сари санаи вилодати Домулло Муҳаммадшариф дар сарчашмаҳо ихтилофот ба назар мерасад, мо бо овардани онҳо ва ба қадри ҳол барои пешниҳоди санаи дурусттари вилодати домулло кӯшиш менамоем. Санаи вилодати домуллоро муаллифони китоби «Муфтии шаҳид» Одинаев С., Ашуров Х. солҳои 1884-1885 қарор додаанд ва ин санаро санаи саҳеҳ мешуморанд. Онҳо дар ин росто, маълумоти зеринро меоранд: «Ба дасти мо санаде афтод, ки мувофиқи он дар бойгонии байниидоравии ноҳияи Ҳисор дафтарҳои хоҷагии деҳаи Қизилқишлоқ дар соли 1940 соли таваллуди Муҳаммадшариф Расулов соли 1890 қайд шудааст. Шояд ин ҷо ҳам саҳве бошад ва агар мо соли ҳамдуна, ки бебаҳс аст, мувофиқи мучал ҳисоб кунем, ба соли 1884-1885 рост меояд». ШЕЪРУ ШОИРӢ. Муҳаммадшариф ҳангоми дар мадрасаи «Чашмаи моҳиён» таҳсил намуданаш шеър машқ мекард, аммо худаш соддагии тақлидҳо, номутаносибии лутфҳо ва сактаи вазнини назарияҳояшро ҳис мекарду ба касе нишон намедод. Гӯё танҳо барои худаш шеър менавишт. Муҳаммадшарифи ҷавон афсӯс мехӯрд, ки дар ватанаш дигар амсоли Мулло Муҳаммадраҷаби Париву Мирзо Олимҷони Ҳасрат, Фориғи Ҳисориву Мулло Исои Бадахшонии Мавзун шоири комил нест, ки маҳсули қаламашро ба эшон нишон дода, аз онҳо маслиҳатҳои судманд гирад. Акнун шароити мусоид барои сайқал додани малакаи шоирии ӯ фароҳам омада буд. Ӯ дар базмҳое, ки шоирони шаҳири Бухоро ҳузур мекарданд, иштирок менамуд ва шеъру ғазалҳояш мавриди назари Туғрал ва Айнӣ барин устодони шеър қарор мегирифт. Оҳиста-оҳиста Муҳаммадшариф бо аҳли адаби мадрасаҳои Бухоро аз наздик ошно мегардад. Ӯ мисли ҳамаи муллобачаҳои мадраса шефтаи шеъри Хоҷа Ҳофиз буду бо таъсири устодонаш акнун волаи алфози пандомез ва содаву шевои Абдуллоҳи Ансорӣ, Фаридуддин Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва Ҷомию Навоӣ мегардад. Дар машқи нуктасанҷию қувваи зеҳну тафаккур ва мантиқ ашъори Бедилро истифода мебурд. Умуман дар он давра тақлид ба Бедил ва бедилшиносӣ боиси тафохурӣ аҳли қалам ва шоирони ҷавону куҳансол буд. Дар байни мударрисону муллобачаҳо ва умуман аҳли адаб шеърҳои ба пайравии Бедил эҷод кардаи Нақибхони Туғрал маълуму машҳур буданд. Боре Домулло Сафо дар ҳуҷраи нисбатан калонаш базми шеър баргузор мекунад, ки ташаббускори ин базм як муллобачаи ҳамҳуҷраи Домулло Сафо, писари як бои калони самарқандӣ бо номи Саид Абдулло мешавад. Дар он базм Нақибхони Туғрал, ки ба Бухоро меҳмон шуда будааст, даъват мешавад. Дар базм Домулло Имомиддин ва Мулло Айнӣ низ иштирок доштанд. Онҳо дар пештоқи ҳуҷра дар паҳлуи Туғрал менишастанд. Домулло Сафо азбаски машқи шеър кардани ҳамдиёраш Муҳаммадшарифро медонист, ӯро низ ба базм даъват менамояд. Мақсади Домулло Сафо муаррифӣ намудани Муҳаммадшариф ба шоирони забардасти даврон Нақибхон Туғрал ва Мулло Айнӣ буд. Пас аз тановули оши палав оташи сӯҳбати базми илму адаб аланга мегирад. Дар байни баҳсу сӯҳбат Мулло Сафо аз оромии яклаҳзаина истифода бурда, ҳузур доштани шоири ҷавонро эълом медорад ва меафзояд, ки шоири ҷавон мехоҳад шеърҳои тозанавиштаашро қироат намояд. Муҳаммадшариф аз чунин ранг гирифтани кор дар ҳолати ногувор ва хиҷолат мемонад ва қоғазҳои ашъорашро аз бағал бароварда ба Туғрал медиҳад. Дар базм ғазалҳои навиштаи Муҳаммадшариф паи ҳам хонда шуда, аз ҷониби шоирони забардаст ба монанди Туғрал ва Айнӣ баҳои хуб мегиранд… ВАФОТ. Домулло Муҳаммадшариф санаи 17.11.1990 аз олам чашм мепӯшад ва дар маросими ҷанозаи ӯ зиёда аз панҷоҳ ҳазор нафар иштирок менамояд... ТАЙМКОД: 00:00 - 05:20 Аз вилодат то таҳсил дар "Чашмаи моҳиён" 05:21 - 09:19 Аз Бухоро то Ургут 09:20 - 16:42 Шахсият ва мактаб 16:43 - 24:00 Шеър ва шоирӣ 24:01 - 24:46 Фарзандон 24:47 - 31:52 Таҳқиқот дар бораи домулло 31:53 - 37:33 Вафот ‪@Dfilmtj‬ ‪@rahnamotj3202‬ ‪@HisoriShodmon‬ ‪@orzuiso‬ ‪@ШариғатТариқат‬ ‪@ТИРИНКА0707‬ ‪@HISORLIVE‬ ‪@ubaidulloikaromat‬ Мавлои Ҳисор: шоир Ғамгин ё Шариф. Филми мустанад. #точик #ҳисор #шеър #мавло #шоир #хисори

Смотрите также