Вакилони Анҷумани даҳуми Ҳизби наҳзати исломӣ аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, расман пуштибонӣ карданд. Ҳарчанд дар ин Анҷуман аз тарафи вакилон номзадии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Маҳмудҷон Қосимов ва Зарафо Раҳмонӣ ҳам пешбарӣ шуд, вале худи онҳо номзадияшонро пас гирифта, аз Бобоназарова пуштибонӣ намуданд.