ВИДЕОИ ДУЗДИИ 40 ҲАЗОР ДОЛЛАР (!!!) АЗ ЯК МАҒОЗА ДАР ФАРХОР

ВИДЕОИ ДУЗДИИ 40 ҲАЗОР ДОЛЛАР (!!!) АЗ ЯК МАҒОЗА ДАР ФАРХОР ВКД Тоҷикистон дар шумораи навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” видеои ду наврасеро нашр кард, ки бо иттиҳоми дуздии беш аз 40 ҳазор доллар аз як мағоза дар ноҳияи Фархор боздошт шудаанд. Яке аз гумонбарон 18 ва дуюмӣ ҳамагӣ 17 сол доранд. Бино ба гузориши Офоқ Қодириён, подполковники милитсия ва сухангӯи РВКД вилояти Хатлон, кормандони шуъбаи милитсияи ноҳияи Фархор дар асоси аризаи сокини ноҳияи мазкур оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздидани беш аз 40 ҳазор доллараш ба тафтиши ин қазия пардохта, зимни пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду наврас аз деҳаи Деҳқонободро бо гумони даст доштан дар ин дуздии гӯшношунид дастгир кунанд. Дастгиршудаҳо Раҳматов Бахтиёр, соли таваллудаш 2004 ва Файзализода Фирдавс, соли таваллудаш 2005, сокинони деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор мебошанд.

Смотрите также