VIDEO
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 28 августи соли 2024 дар бораи боздошти роннадаи мошини “Лексус” бо рақамҳои ба таъбири маъруф, “крутой”-и 77 00 дар ҳолати мастӣ хабар дод. Мақомоти милитсия бар инанд, ки Муҳаммадзоир Исоев аз истеъмоли маводи мухаддир сархуш шуда буд. Бино ба иттилои маркази матбуоти милитсияи Душанбе, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахти Тоҷикистон Исоев Муҳаммадзоир Мираҳимович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лeксус-450», рақамҳои қайли давлатиаш 77 00 UO 10 дастгир карда шуд. “Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда аз истеъмоли воситаҳои нашъадор дар ҳолати сархушӣ қарор дорад. Исоев М. дар чунин ҳолат дидаву дониста ҷони худ ва атрофиёнро зери хатар гузошта, воситаи нақлиётро идора мекард”, - таъкид шудааст дар гузориши милитсия. Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Исоев Муҳаммадзоир тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд. Моддаи 332 барои идора кардани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, инчунин вогузоштани идораи воситаҳои нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробари 21 ҳазору 600 сомонӣ, ё қариб 2 ҳазор доллар) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 солро пешбинӣ мекунад.