VIDEO
Имрузҳо бовуҷуди оне ки тарабхона ва меҳмонхонаҳо хеле зиёданд аммо талаботи мардум ба хизматрасонии чунин маконхо аз ҷумлаи чойхонаҳо кам нестанд. Дар шаҳри душанбе шумораи зиёди чойхонаҳо вуҷуд доранд ки ҳар як бо шарту шароит ва услуби таҳрезигаштаи ба худ хос диққати сокинон ва сайёҳони дохилию хориҷиро чалб менамоянд. Яке аз он чойхонаҳо Чойхонаи Тоқи ба ҳисоб меравад, ки ҳамарруза сокинон, меҳмонон ва саёҳони дохиливу хориҷи кишвар ба инҷо ташриф оварда аз хурокҳои милли ва аврупоии омода намудаи ин макон истеъмол менамоянд, инчунин аз накшу нигор ва намунаи табиати зиндаи ин макон лаззат мебаранд. Ин макон муарифгари сунатҳои миллиамон буда, боридигар мардуми меҳмоннавозу соҳибтамадун будани мардуми тоҷикро шаҳодат медиҳад. Дар инчо шумо метавонед аз истеъмоли хурокҳои гуногуни тоҷики лаззат бареду худро дар оғуши анъанаҳои милливу сунатии қадимаи тоҷикон тасавур намоед. Ҳар як гушаи чойхонаи мазкур бо сабку анъанаҳои тоҷики оро дода шудааст. Толори якуми чойхонаи мазкур бо накшунигор, намунами табиати зинда ва тасвирҳое ки моро ба ёди таърихи куҳандоштаи мардуми тоҷик мебарад, таҳрези гаштааст. Саҳни чойхонаи мазкур тавре омода шудааст ки бо фазои тоҷиконаи худ дикати сойёҳонро ба худ ҷалб намуда аз як тараф бо утоқҳо ва аз тарафи дигар бо катҳо чудо карда шудааст ва ҳар шахс метавонад бо табъу завқи худ маконро интихоб намояд. Ин натанҳо чойхона балки маконест, ки бо сунату анъанаҳои тасвирёфта ҳамагиро ба сайри тамадуни таърихии милати тоҷик бурдаву ингуна фарҳанги волоро муаррифи месозад. Дар миёни Толори дуюми чойхонаи Тоқи як шаршарае сохта шудааст ки фазои тозаеро ба вуҷуд овардааст бештари муштариён хостгори истифодаи толои маскур мебошанд. Дар чойхонаҳои Тоқи ба ғайр аз чойнуши боз хурокҳои гарм навъҳои гуногуни шурбо, оши палов, қурутоб, манту, самбуса ва дигар хурокҳои миллиро пешкаш мекунанд. Ҳамаруза саёҳони зиёде барои тановули хурокҳои милли ба ин макон меоянд. Ошиёнаи Дуюми чойхона бо мизу курси, утоқҳои махсус ва катҳои бо услуби тоҷикона ородода шудааст, ки сайёҳон метавонанд дар фазои кушод атрофи ин мавзеъро тамошо карда аз манзараҳои дилфиреби он ҳаловат баранд. Мусаламаст ки бо дастуру раҳнамоиҳои АСВМ Пешвои миллат Президенти ЧТ Муҳтарам Эмомали Раҳмон бо максади рушди соҳаи сайёҳи дар Точикистон солҳои 2019 ва 2021- ро соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми эълон карданд. Дар пайрави аз ин ташабус масъулини чойхонаи Тоқи тамоми тадбирҳоро ба хотири ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон фароҳам месозанд, то ба ин ваисла фарҳангу анъанаҳои точиконаро пешакаши меҳмонону сайёҳон гардонанд.