VIDEO
матн аз Ориёмеҳр 🖋✒️📄 оҳанг ва овоз Завқибек Хурсандов 🎹🎻🎤🎶🎼🎤🎤 #nurzodchannel #nurzodchannel #муҳаммадтобеъишодӣ #завқибекхурсандов #ворӯбазм #қурбонбадалинурзод #муҳаммадтобеъхурсандов #донёршеров #наҷмивоҳид #рукнобод #ориёмеҳр #наврӯзирукнобод #ворӯ #kuhistonlife #music **Наврӯзи Рукнобод*** Деҳаи зебои ман! Фасли баҳоронат хуш аст, Ҷилваи сарву суман дар боғу бӯстонат хуш аст. Дар канори зиндарӯди хушнасими Зарфишон, Сайругашти ошиқони гулбадомонат хуш аст. Бо нидои булбулонат ҳар саҳар хезам зи хоб, Лаҳзаҳо бо андалебони хушилҳонат хуш аст. Ғарқаи амвоҷи нури равшанӣ гардидаӣ, Кӯчаҳои дилфиреби шабчароғонат хуш аст. Дар ҷавори некмардони ҳалими хоксор, Зистан бо шеваи сабки ниёгонат хуш аст. Гуфтаи Орифниёву Шавкату ҳам Мирсалом, Маъниҳои нозуки шеъри Қиличхонат хуш аст. Ҳар куҷо аз маҳфиле ояд садои дилкаше, Завқии шогирди Бӯбакри ғазалхонат хуш аст. Ориё, дар васфи ту гӯяд сухан аз эҳтиром, Ҷашни Наврӯзат муборак! Давру давронат хуш аст. Ориёмеҳр 21.03.2023 Рукнобод