Ҳамлаи террористӣ ба Крокус дар моҳи гузашта, ки мақомоти Русия аксаран тоҷиконро муттаҳам карданд, ин суолро ба миён овард, ки фазои идеологии Тоҷикистон дар дасти кист? Дар дасти рӯҳониёну муллоҳо ва ё воизони интернетӣ, ки бо мавъизаҳои ифротиашон мағзи ҷавонони тоҷикро олуда мекунанд. Ё дар дасти блогерҳое, ки бо ёваву шеваҳои бемаънӣ ҷавононро саргарм нигаҳ медоранд ва ё дар дасти расонаҳои давлатӣ, ки вазифаашон тарғиби идеологияи ҳукумат аст?