Маллабой - Тасдиқоти Туғрал مله‌بای تصدیقات طغرل

Ба саҳбои хумхонаи кибриё, Ба кайфияти ҷоми ваҳдатнамо. Ба асрори зоти Худойи аҳад, Ба осори васфи сифоти самад. Ба такмилсози ҳама кӯтаҳӣ, Ба лабрезори сабӯи тиҳӣ. Ба рафъатгузини бисоти фалак, Ба дорандаи аз само то самак. Ба созандаи пардаи субҳи чок, Ба орандаи сабза дар ҷайби хок. Ба рӯйе, ки мусҳаф бувад номи ӯ, Ба холе, ки ҳинду бувад роми ӯ. Ба мӯйе, ки олам муаттар кунад, Ба бӯйе, ки ў таъни анбар кунад. Ба мастони аз бодаи сармадӣ, Ба бадри рухи чеҳраи аҳмадӣ. Ба чашму ба кӯҳлу ба мозоғи ӯ, Ба гулҳое аз гулбуни боғи ӯ. Ба саббобаи ӯ, ки маҳ шуд ду ним, Ба ҳойи Муҳаммад ба доли ду мим. Ба сидқи Абӯбакру адли Умар, Ба Усмон, ки нахлаш ҳаё дод бар. Ба шоҳи шуҷоат ҳижабри Алӣ, Ба асҳоб, бо хонадони валӣ.

Смотрите также