Ахбори Точикистон Имруз - 21.08.2024 | novosti tajikistana

21 август дар шаҳри Давҳа мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Прокурори генералии Қатар Исо ал-Ҷуфолӣ ал-Нуаймӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар рафти суҳбат масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкориҳо байни прокуратураҳои генералии ду давлат ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои марбут ба расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ, табодули сафарҳои соҳавӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами ҳамкориҳои судманди дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина, бо назардошти афзоиши хатару чолишҳои замони муосир, атрофи нақшаҳои минбаъдаи ҳамкориҳо, роҳҳои муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ табодули назар қарор гирифт.

Смотрите также