Ахбори Точикистон Имруз - 12.09.2024 | novosti tajikistana

12 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии “Майдонтерак”-и деҳаи Кӯҳдоман ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Майдонтерак ба 78,50 гектар баробар буда, 40,43 гектари онро заминҳои обӣ, беш аз 33 гектарро заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон ва 2 гектарро боғ ташкил медиҳад. Дар ин мавзеъ асосан картошка парвариш карда мешавад. Соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 5 ҳазору 457 гектарро ташкил дода, тибқи интизории мутахассисон, имсол ҳосилнокии он ба 250-270 сентнер аз гектар мерасад. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Лахш, майдони кишти картошка дар ноҳия сол ба сол зиёд гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад. Аз ҷумла, имсол майдони кишт нисбат ба соли гузашта 89 гектар зиёд буда, истеҳсоли зиёда аз 107 ҳазор тонна дар назар аст. Шароит ва иқлими ноҳияи Лахш барои картошкапарварӣ хеле мусоид аст ва ноҳия дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми назаррас дорад. Хоҷагидорони ноҳияи Лахш асосан навъҳои тухмиҳои “Тоҷикистон”, “Пикассо”, “Покистон”, “Сурхоб”, “Эвалюшн”, “Аризона”, “Элита”, “Гала”, “Бигроза” ва ғайраро кишт мекунанд, ки серҳосиланд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо деҳқонон, истифодаи самараноки заминро омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии дастархони мардум номида, онҳоро ба фаъолияти пурсамар ва истифодаи оқлилонаи ҳар ваҷаб замин ҳидоят намуданд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, имсол 1 ҳазору 803 хоҷагии деҳқонии ноҳияи Лахш дар майдони 8 ҳазору 246 гектар зироатҳои гуногун кишт карда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд.

Смотрите также