VIDEO
Ҳафтаҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори рақси гуиё зани якум дар маросими издивоҷи шавҳараш бо зани дуюм бисёр сербаҳс шудааст. Навор зоҳиран аз Доғистон аст, аммо дар миёни корбарони тоҷики интернет ҳам он cару садои зиёде ба по ва баҳси дузанагиро доғ кард. Корбарон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, бархе аз ин вокуниши зан изҳори ҳайрат кардаву амали мардро маҳкум намудаанд. Онҳое ҳам буданд, ки аз ин рафтори зан ситоиш намудаанд. Ҳамкори мо Амир Исоев дар кӯчаҳои Душанбе аз занон пурсид, ки онҳо дар ин ҳолат чӣ кор мекарданд ва вокунишашон ба зани дуюм гирифтани шавҳар чӣ гуна мебуд? Озодӣ дар Твиттер: / radioiozodi Озодӣ дар Фейсбук: / radio.ozodi Озодӣ дар Инстаграм: / radioiozodi