Bugatti Chiron ба Точикистон меоранд? Асхаб Тамаеав интизор набуд

Bugatti Chiron — ин на танҳо мошин аст, ин як асари санъати муҳандисӣ мебошад. Ин модел соли 2016 ба бозор бароварда шуд ва то имрӯз рамзи қувват, ва суръат ба ҳисоб меравад. Дар зери капоти Chiron муҳаррики азим — 8.0-литр W16 (В16) бо чор турбокомпрессор ҷойгир шудааст. Қувваи он тақрибан 1500 қувваи асп мебошад. Бо ин қувва мошин метавонад аз сифр то сад километр дар як сонияи тақрибан 2,4 расад. Ва суръати ниҳоии он — 420 километр дар як соат, ки бо электроника маҳдуд карда шудааст. Танҳо тасаввур кунед, ин суръати ҳавопаймо аст! Аммо Bugatti Chiron танҳо аз қувват ва суръат нест. Ин мошин инчунин аз рӯйи тарҳаш бисёр ҷолиб аст. Пешаш бо решёткаи махсус, ки шакли нимдоира дорад, зебо карда шудааст. Чароғҳояш бо LED (ЛИД) сохта шудаанд ва ҳар тараф чор дона чароғ дорад, ки мошинро хеле замонавӣ нишон медиҳанд. Дарун бошад аз чарми қиматбаҳо ва карбон сохта шудааст — ҳамин чиз ба мошин ҳам зебоӣ ва ҳам дарачаи киматбахои медиҳад. Нархи ин мошин аз 3 то 5 миллион доллар оғоз мешавад ва вобаста ба версия ва фармоиш метавонад чанд маротиба бештар бошад. Аз ин сабаб Chiron бештар дар дасти миллиардерҳо ва коллексионерҳо пайдо мешавад. Bugatti Chiron танҳо як воситаи нақлиёт нест. Ин рамзи мақом, қувва ва орзуҳои иҷрошуда мебошад. Ҳар кас орзу дорад, ки ҳатто як маротиба дар чунин мошин нишинад.

Смотрите также