VIDEO
Мусоҳибаи сухангӯ Шервони Умриддин бо ҷарроҳи қалби Бемористони Ибни Сино доктор Ҷаҳонгир Раҷабов. Дар ин навор доктор Ҷаҳонгир Раҷабов ҷарроҳи қалби бемористон ба ин саволҳо ҷавоб додаанд: Ҷарроҳии дил яке аз соҳаҳои нисбатан ҷавони тиб ба ҳисоб меравад. Доир ба таърихи ҷарроҳии дил ба тамошобинони наворҳои ведеоии бемористон чиҳо гуфта метавонед. 📌Дар зеҳнияти мардуми мо ҷарроҳии дил як амали сангине ҳаст ва оризаҳои вазнинро ҳам зиёд пеш меорад, маълумоте медодед доир ба ҷарроҳии дил, дар умум. 📌Фарқияти ҷарроҳии кушодаи қалб аз амалҳои интервенсионӣ яъне стенгузорӣ дар чист? 📌 Хатарҳои ҷарроҳии кушоди қалб аз дигар ҷарроҳиҳо чӣ фарқият дорад? 📌Қисми зиёди бемороне, ки ба ҷарроҳии дил ниёз доранд роҳи дармонашонро дар бемористонҳои хориҷ аз кишвар мекобанд. Оё роҳи осон кардани ин мушкилии шаҳрвандон ҳаст ё на? Сафҳаҳои шабакаҳои иҷтимоии бемористони моро лайк кунед, то аз наворҳои баъдӣ бехабар намонед. Пайванди наворҳои моро дар сафҳа ва гурӯҳҳои шабакаҳои иҷтимоиятон бикоред то шумори бештари одамон аз роҳҳои пешгирӣ ва дармони осон огоҳ гарданд. Маълумоти бештарро дар канали ютуби бемористон (Тавсияҳои Бемористони Ибни Сино) метавонед пайдо кунед: