VIDEO
Сайру сайёҳат ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистони азиз на танҳо воситаи хуби истироҳат ва фароғат аст, балки имкони беҳамто барои шинохти таърих, фарҳанг, табиати нодир ва анъанаҳои миллати мост. Ин раванд метавонад дар рушди ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани маърифати сайёҳӣ ва дастгирии иқтисоди маҳаллӣ нақши муҳим бозад. Минтақаҳои зебои кӯҳистонӣ, обҳои софу, мавзеъҳои таърихӣ ва осори бостонӣ имкон медиҳанд, ки ҳар шаҳрванди мамлакат табиати нотакрор ва мероси ғании фарҳанги худро аз наздик эҳсос намояд. Яке аз ин мавзеъхои сайёҳи Хочасангхок мебошад. Баъд аз чанд лаҳзае сафари навбатии мо ба ин мавзеъ оғоз мегардад. Ҳангоми омодаги ба сафар сайёҳон оиди ин мавзеи сайёҳии ки дар ноҳияи Варзоб воқеъ аст суҳбат карда, маълумотҳои ҷолибу таърихии онро аз якдигар мегирифтанду миёни ҳам аз мавзеҳои зебои кишвари азизамон ки қаблан сафар карда буданд ёддовар мешуданд. Бо як илҳоми тозаву умеди хотироти рангин сафари худро оғоз намудем ба самти мавзеи сайёҳии Хоҷа Сангхок. Бештари сайёҳон аз истифодаи ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷумла ширкати сайёҳии Амиртур қаноатманданд, зеро ин ширкатҳо бо ташкил ва роҳандозии сафарҳои тарҳрезишуда, роҳбалади бо таҷриба, нақлиёти қулай ва хизматрасониҳои босифат ба онҳо имконият медиҳанд, ки сафарро бо осонӣ ва бидуни ташвиш гузаронанд ва аз манзараҳои зебои диёрамон лазат баранд. Пеш аз расидан ба мавзеи сайёҳии Хоҷа Сангхок аз сабаби роҳ дароз будан дар як чанд минтақаҳои ноҳияи Варзоб қарор гирифта аз боду ҳавои нотакрори ин мавзеҳо лазат бурдем. Хоҷа Сангхок миёни сайёҳон бо куҳҳои осбонбусу табиати бой ва чашмаҳои шифобахшаш шуҳрат дорад ва ба онҷо қариб дар ҳама фасл сайёҳон ба сайру тамошо мераванд. Хоҷа Сангхок ба ҳайси мақбара ё оромгоҳе, ки ба шахсе бо номи Хоҷа Сангхок иртибот дорад, маъруф аст. Ин мавзеи таърихӣ ва сайёҳии дар ҷамоати Зиддеҳи, ноҳияи Варзоб, дар баландии зиёда аз 2500 то 4500 метр аз сатҳи баҳр қарор гирифтааст. Обҳои ин минтақа аз пиряхҳои атроф сарчашма гирифта, дар таркибаш минералҳои табиӣ доранд, монанди магний, калий, калтсий, натрий, оҳан, ки барои табобати бемориҳои меъда, ҷигар ва диабети қанд истифода мешаванд.