Охирин монологи устод Айнӣ аз намоишномаи Гирдбод

#Китобхон #Айнӣ #Лоиқ #Хуросон Таҳияи Абдумӯъмин Шарифӣ ва Далер Шариф *** ...Оҳ, оҳ, агар мо ҳама ин нуктаҳои барҷастаро, балки бештар аз инро медонистем ва медонистем, ки сарчашмадори забони форсии дарӣ - забони аҳли биҳишт, забони париён, забони зиндасоз ва зинданигоҳдори Аҷам, забони пирўз бар ғосибони араб, наҷибзодагоне мисли Низомӣ, забони рўҳияи Алломаи Иқбол мо, ба истилоҳ эрониёни шарқӣ будаем, яъне Бухорову Самарқанду Балху Хуросон маҳди зоишу болишу густариши ин забон будаанд, имрўз онро ба чунин хорӣ, забунӣ, паршикастагӣ, бемоягӣ ва бебизоатӣ намекашондем ё дасти кам то метавонистем, намегузоштем, ки соҳибони ғамхору дилсўзе аз Маскав ё дигар ҷойҳо ё аз миёни қаламшикастагон забонгумкардагони худбехабару худобехабари манфиатҷўи паллабини бумӣ пайдо кунад ва онро ба се шоха - форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ аз ҳам ҷудо кунанд, ба он боз шоху шохчаҳое бибанданд ва ҳар кадомро ҷудо биёмўзанд ва гоҳ-гоҳ миёни онҳо монандиҳое кашф кунанд... Албатта ин ҳар ранг карданҳои аҷониб маълум аст, ғараз аз се шоха сохтани як дарёи зулоли забони форсӣ се пора кардани Хуросони бузург будааст. Лоиқ Шералӣ - пешгуфтор ба китоби "Хуросон аст ин ҷо"-и Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ

Смотрите также