70-СОЛГИИ ПАДАРИ БУЗУРГВОРАМ.

БАХШИДА БА 100 СОЛАГИИ ҲОҶЙ ШАҲОБИДДИХӮҶА НУРИДДИНОВ БА 100-СОЛАГИИ ШАҲОБИДДИН НУРИДДИНОВ МАРДИ ТАШАББУСКОР ВА ОБОДКОРЕ БУДА... Дорандаи ду ордени Ленин, орденҳои Инқилоби Октябрь, Ситораи Сурх, унвони фахрии Корманди шоистаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳобиддин Нуриддинов соли 1923 дар деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара таваллуд шудаанд. Табиист, ки дар қиёси таърих ва вақту замон умри одамӣ чандон тӯлонӣ нест. Шоирону мутафаккирон дарозии умри инсониро бо фурсати як мижжа задан баробар кардаанд. Инсоният аслан дорои нерӯи бузурги ақлониву ҷисмонӣ аст ва метавонад дар умри кӯтоҳи худ низ корҳои басо бузургеро анҷом бидиҳад. Исфараи зебоманзару бостонӣ дар ҳама давру замон бо инсонҳои соҳибдилу некназар, бо мардуми меҳнатқарину бунёдкор ва шахсиятҳои барӯмандаш маъруфу машҳур буду ҳаст. Собиқадори ҷангу меҳнат, ходими давлатию сиёсӣ, дорандаи мукофотҳои давлатӣ шодравон Шаҳобиддин Нуриддинов аз ҷумлаи чунин инсонҳои шариф ва шахсиятҳои барӯманди шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд. Шаҳобиддин Нуриддинов соли 1923 дар деҳаи Навгилем таваллуд шудаанд. Соли 1940 Техникуми хоҷагии қишлоқи шаҳри Ленинободро хатм намуда, муддате ба ҳайси агрономи хоҷагии ҷомеавии «14-солагии Октябр» фаъолият доштанд. Солҳои 1940-1942 дар мактабҳои миёнаи рақами 10-и деҳаи Сурх ва рақами 2-и деҳаи Навгилем муаллим буданд. Минбаъд, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар ҳайати артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар фронтҳои Ғарбиву Шимолӣ ва 3-юми Украина бар зидди қӯшунҳои фашизми гитлерӣ муборизаи беамон бурдаанд. Пас аз бо пирӯзӣ ба зодгоҳ баргаштан, нахуст, масъулияти агрономӣ ва баъдан, сарварии МТС ва раисии хоҷагии ба номи Ленини ноҳияро бар дӯш доштанд. Соли 1952 бо дарназардошти қобилияти ташкилотчигӣ ва хислатҳои меҳнатқариниву масъулиятшиносӣ Шаҳобиддин Нуриддиновро котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳри Исфара ва пас аз 3 сол, баъди хатми мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскав, мудири шуъбаи кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод таъин мекунанд. Солҳои 1959-1960 ба сифати котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Нов, 1960-1961 ҳамчун ташклотчии масъули КМ ПК Тоҷикистон, 1961-1962 дар вазифаи котиби кумитаи ҳизбии идораи конҳои ангишти Шӯроб, 1962-1963 чун ташкилотчии масъули ПК Тоҷикистон дар назди идораи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Конибодом, 1963-1964 ба ҳайси раиси кумитаи назорати халқии идораи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Конибодом ва солҳои 1965-1969 дар вазифаи директори зовути шири шаҳри Исфар фаъолияти пурсамар доштанд. Аз соли 1969 то соли 1995, давоми 26 сол масъулияти сарварии хоҷагии ҷомеавии ба номи Ленини шаҳри Исфара бар дӯшашон вогузор буд. Шаҳобиддин Нуриддинов пас аз ба нафақа баромадан ҳам, дар вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр дар ҷабҳаи ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорон ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи меҳнатқариниву меҳандӯстӣ заҳмат кашидаанд. Меҳнати бисёрсолаи Шаҳобиддин Нуриддинов бо ду ордени Ленин, орденҳои Инқилоби Октябрь, Ситораи Сурх, унвони фахрии Корманди шоистаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медалу ифтихорномаҳои зиёд қадр карда шудаанд.

Смотрите также