Ифтитохи бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. И. Сино

Бинои таълимии навбунёди донишгоҳ аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурият ва таълими донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Бино аз 62 синфхонаи таълимии барҳаво бо ғунҷоиши аз 20 то 30 ҷойи нишаст, толори компютерӣ бо 80 ҷойи нишаст, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ бо 500 ҷойи нишаст, 2 толори маҷлис бо 50 ҷойи нишаст ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ барои омӯзиши нозукиҳои илми тиб иборат мебошад. Дар бинои маъмурӣ ва таълимии навбунёд толори калони маҷлисӣ бо 1 ҳазору 600 ҷойи нишаст сохта шудааст. Толори бошукӯҳу барҳавои маҷлис 7 ҳазору 437 метри мураббаъ масоҳат дорад. Он бо санъати гаҷкорӣ ва нақшу нигори миллӣ ба таври зебо ороиш ёфта, барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои илмию сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангию фароғатӣ бисёр мувофиқ аст. Масоҳати толори хониши электронӣ 291 метри мураббаъ буда, дорои 80 ҷойи нишаст мебошад, ки барои донишҷӯён ҷиҳати аз бар намудани илму дониши муосири тиббӣ мувофиқ мебошад.

Смотрите также