РАДИОТЕАТР / "ҒУЛОМОН" ҚИСМИ 1

Ин асар аз манзараҳои ғуломфурӯшии ибтидои асри ХIХ сар шуда, то соли 1933 давом мекунад ва воқеаҳои таърихии зиёда аз 100-соларо дар бар мегирад. «Ғуломон»-и С.Айнӣ романи муҳташам (эпопея) мебошад, зеро дар он воқеа ва иштироки персонажҳо то ҳадди аъло инкишоф меёбад. Ҳодисаҳои «Ғуломон», асосан дар зодгоҳи худи нависанда — ноҳияи Ғиждувони Бухоро мегузаранд. Дар «Ғуломон» образҳои бисёре амал мекунанд, вале қаҳрамони марказии асар халқ мебошад. Хатти сужети асар дар асоси амалиёти як авлоду се насл фароҳам омадааст. Маълумоти бештарро аз гуфтори мазкур бишнавед!

Смотрите также