Гузаштани ҳукумат аз дасти падар ба писар дуруст аст?

Ҳамин моҳ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Илҳом Алиев раҳбари кишвареро мизбонӣ кард, ки ҳукуматро аз падараш мерос гирифтааст. Қарор буд, Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистонро ҳам мизбонӣ кунад, ки ӯро ҳам падараш вориси худ эълон карду ҳукуматро аз роҳи гӯё интихобот ба ӯ дод. Ҳоло Рустами Эмомалӣ писари худи Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ҳам шахси дуввуми кишвар аст ва бо назардошти сафарҳои афзояндаи ӯ ба хориҷ ин ҳадсу гумон зиёд мешавад, ки барои гирифтани қудрат аз падар омода мешавад. Аз дасти падар ба писар гузашти ҳукумати кишвар чӣ паёмад дорад ва ё оё кори дуруст аст? Суҳбати барномаи Гапи Озод имрӯз дар ҳамин бора аст. Салом бинандаи азиз. Меҳмонони мо ҳам Саидҷаъфар Усмонов, вакили мардумӣ ва раиси Ҳизби демократ ва Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳастанд.

Смотрите также