Дар Тоҷикистон муҳокимаи чанд хабарнигор аз ҷумла Далери Имомалӣ паси дарҳои баста идома дорад ва пештар аз ин ҳамкори ӯ Абдуллои Ғурбатӣ ҷазои сахте гирифту ба бештар аз 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳеч яке аз муҳокимаҳо боз сурат намегирад ва ба ғайр аз афроди ангуштумор касеро ҳам ба толор роҳ намедиҳанд. Чаро? Чаро муҳокимаи хабарнигорони тоҷик паси дарҳои баста ва дур аз чашми ҷомеа баргузор мешавад, ҳарчанд дар парвандаҳои онҳо ҳеч сирри давлатӣ ва иттилои муҳиме дар бораи амнияти миллии Тоҷикистон нест. Мақомот бо ҷазои сахт додан ба хабарнигороне ба мисли Абдулло Ғурбатӣ, талаби ҷазои сахттар барои Далери Имомалӣ ба расонаҳо ва дигар хабарнигорон чӣ паём додан мехоҳанд.