Нигаронӣ аз фасод дар бахши тандурустӣ

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо нашри як таҳқиқот аз фасод дар бахши тандурустии кишвар хабар додааст. Аммо Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ба натиҷаҳои ин пажӯҳиш розӣ нашуд ва мегӯяд, барои коҳиши фасод дар соҳаи зертобеаш талош дорад. Маркази тадқиқоти стратегӣ эълон кард, ки сатҳи фасод ё коррупсияро дар бахшҳои маориф ва тандурустии Тоҷикистон маълум кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, тадқиқотро дар ҳамдастӣ бо Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар 15 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла Душанбе, Хатлон, Суғд ва чанд ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ анҷом додааст. Ин тадқиқот, ки миёни 2 ҳазор тан аз афроди марбут ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф гузаронида шудааст, нишон додааст, ки сатҳи баланди фасод яке аз далелҳои ҷиддии тарки кор кардани мутахассисони бахши маориф ва тандурустӣ будааст. Хайриддин Усмонзода, мудири Маркази Тадқиқоти стратегии вобаста ба президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарии 7-уми феврал гуфт, ки онҳо ҳамасола ин тадқиқотро мегузаронанд ва “тадқиқоте, ки дар соли 2023 анҷом дода будем, дар сатҳҳои гуногун мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифт.” Аммо Усмонзода аз ироаи хулосаи ниҳоии ниҳоди зери раҳбарияш ва ҷузъиёти ин пажӯҳиш худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки “хулосаи таҳлилии худро ба ҳукумат ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ирсол кардем.” Дар низоми маориф раёсату шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо, боғчаҳои кӯдакона ва дар бахши тандурустӣ СЭС ё Хадамоти назорати давлатию санитарии эпидемиологӣ ва Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ бахшҳои фасодзада дониста шудаанд. Муайян шудааст, ки мавридҳои фасод аз ҳама бештар дар беморхонаҳои шаҳриву ноҳиявӣ (28,0%), беморхонаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ (23,7%) ва раёсатҳои тандурустӣ (11,8%) будааст. “Сатҳи коррупсия дар соҳаи тандурустӣ дар муқоиса ба дигар сохторҳои давлатӣ дар сатҳи баланд ҷой дорад,”-таъкид шудааст дар ин пажуҳиш. Дар бахши маориф ҳамчун ба мавридҳои зиёди фасод “барои иштирок дар озмунҳо, олимпиадаҳо, гирифтани ҷоизаю медалҳо, аттестат ва квотаҳо” ишора шуда, 32 дар сад ин мавридҳоро таъйид кардаанд. Аз сӯйи дигар, 30-юми январ Шаффофияти Байнулмилал ё Транспаренси Интернешнл як созмони байналмилалие, ки ҳар сол гузоришеро бо номи Шохиси дарки фасод нашр мекунад, Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар дар ҷойгоҳи 162 қарор додааст, ки аз поинтарин зинаҳо дар радабандӣ аст. Дар таҳқиқоти МТС санҷишҳои бемаврид як далели рушди фасод дониста шуда, бо такя ба масъулони соҳа гуфта шудааст, ки “барои ҳар як санҷишгару комиссия, ки аз мақомоти болоӣ ба муассиса ворид мешавад, ҳатман маблағи муайяне бояд ҷамъ карда шавад. Маблағ барои чорабиниҳои давлатӣ, “пазироӣ” ва ҳаққи хизмати санҷишгарон аз мақомоти соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ, идораи барқ, сухторхомўшкунӣ ва, хусусан, санҷишҳои зиёди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба фаъолияти педагогӣ ягон дахл надоранд, болои сари муассисаҳои таълимӣ, омўзгорон ва дар ниҳоят волидон қарор мегирад.” Муаллифони тадқиқот гуфтаанд, ки “Табибон ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ дар суҳбатҳо ҷой доштани маблағситониро инкор накарданд. Вале шарҳ доданд, ки дар бештари мавридҳо ин амал бо дастури мақомоти болоӣ рух медиҳад,”- омадааст дар пажӯҳиш. Муаллифони таҳқиқот як далели аслии фасод дар ин соҳаҳоро “Сатҳи пасти музди меҳнат ё шароити зиндагӣ” марбут дониста, ҳамчунин ба сатҳи пасти маънавиёти ҷомеа, “кӯшиши ба даст овардани даромади иловагӣ” ва “бемасъулиятию бевиҷдонии мутахассисони соҳа” низ бештар ишора кардаанд. Бино ба натиҷаҳои таҳқиқот, дар бахши тандурустӣ мардум аз ҳама бештар ҳангоми бистарӣ шудан дар беморхонаҳо, замони амали ҷарроҳӣ, барои ба даст овардани маълумотномаи тиббӣ ва дар бахши маориф барои дохил шудани фарзандонашон ба донишгоҳҳо, гирифтани шаҳодатномаи хатм ва кор кардан дар муассисаҳои таълимиву бозомӯзӣ ё такмили ихтисос бо фасод рӯ ба рӯ мешудаанд. Ин тадқиқот ҳамчунин сатҳи пасти эътимоди мардум ба мақомотеро, ки алайҳи фасод мубориза мебаранд нишон додааст ва бештар аз 90 дар сад гуфтаанд, ки ба мақомот муроҷиат намекунанд, зеро “ба мақомоти расмӣ бовар надоранд”, “муроҷиатҳо бефоида аст” ва “аз муроҷиатҳо ба мақомот хаста шудаанд” ва “раҳбарони муассисаҳо аз ин кори кормандонашон огаҳӣ доранду чорае намеандешанд.” Тоҷикистон дар соли 2007 ниҳоди хос – Оҷонсии зидди фасодро таъсис дод, ки ҳадафи аслияш аз миён бурдани фасод гуфта мешуд. Баъдтар ниҳоди дигари давлатӣ Палатаи ҳисоб низ таъсис шуд. Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ аз сатҳи баланди фасод дар ниҳодҳо, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интиқод мекунад. Аммо тадқиқоти ахири созмонҳои дохиливу хориҷӣ баёнгари он аст, ки зоҳиран ин чораҳо натиҷаи матлубе надодаанд. #ozodivideo #душанбе #радиои_озоди #шарманда #роддом #ришва #corruption

Смотрите также