Ҳампаймони Умаралӣ Қувватов ба муддати 17,5 сол зиндонӣ шуд.

Умедҷон Солиҳов, нафари муттаҳам ба узвият дар созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24", аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба 17 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ ё намояндаи додситонӣ барои Солиҳов аз додгоҳ 18 соли маҳрумият аз озодиро тақозо карда буд. Ҳотам Раҷабзода -- додраси парванда, рӯзи 4 март гуфт, Умедҷон Солиҳов баъд аз раҳоияш аз зиндон чор соли дигар ҳаққи машғул шудан ба фаъолиятҳои тиҷориро надорад. Ӯ зимни қироати ҳукм гуфт, Солиҳов барои талоши ғасби ҳокимият, вайрон намудани сохти конститутсионӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, таҳқири раиси ҷумҳур ва ҷалби шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ҷиноӣ муҷрим шинохта шудааст. Аммо Умедҷон Солиҳов як рӯз қабл аз эълони ҳукмаш, ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ гуфта буд, ҳеч гоҳ аз “Гурӯҳи 24”-и соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов пуштибонӣ накарда ва узви он низ набудааст.

Смотрите также