VIDEO
/Пресса тч/ Асалбегим Саодатова, яке аз ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик, ки то охири солҳои 90-ум дар байни мардум бахусус кӯдакон маҳбубият дошт даргузашт. Гуфта мешавад, ки Асалбегим Саодатоваи 70-сола, ки солҳои зиёд аз бемории қанд ранҷ мекашид, 4 апрел дар шаҳри Душанбе ин дунёро падруд гуфт. Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи кино ва театр, яке аз муассисони Театри ҷавонони Тоҷикистон буд. Ӯ дар солҳои Шӯравӣ бо иҷрои нақши “Аҷузкампир” дар намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон Алифбо” маҳбубияти зиёд пайдо кард. Солҳои баъд дар намоишномаҳои гуногуни театрӣ ва филмҳо нақшҳои зиёде офаридааст ва унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро дошт. Ҳанӯз аз субҳи имрӯз, 5-уми март дар назди бинои истиқоматии равоншод Асалбегим Саодатова дар баробари хешону наздикон, инчунин намояндагони илму адаб ва фарҳанги кишвар ҳузур доштанд.