VIDEO 		
				
				
				
	
	
	Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбаччаи 15-солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзоби ноҳияи Варзоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.   Номбурда, шаби 6 ба 7 июли соли 2019, тахминан соати 05:00-дақиқа, дар минтақаи истироҳатии “Нилан”-и ноҳияи мазкур бо марди 25- сола ва ноболиғ, писарбаччаи 13-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо дастаи чӯбини табар мусаллаҳ шуда, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан якчанд маротиба ба сари он мард ва ноболиғи номбурда зада, ба қатл расонидааст. Баъдан ӯ, барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш ҷасадҳои номбурдагонро ба дарёи н.Варзоб партофтааст. Ҷасадҳои онҳо аз соҳили дарёи “Душанбе” дарёфт карда шуданд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.