VIDEO 		
				
				
				
	
	
	#clip #music #buxoro #tajikistan #uzbekistan #Mavrigi #clip   Ҳофизи халқии Тоҷикистон ФАЗЛИДДИН ШАҲОБОВ (1911-1974) – “Уфари баёт”.       Ҳофиз ва оҳангсози шинохта Фазлиддин Шаҳобов соли 1911 дар шаҳри Бухоро дар оилаи мударрис ва шоири дарбори амири Бухоро Абдураҳими Хатлонӣ (Аҷзӣ) таваллуд шудааст.  Нахустин дарсҳои танбӯрнавозиро аз тағояш, сипас дар техникуми мусиқии Бухоро (1925-1929) аз иҷрокунандагон ва донишмандони машҳури мусиқии классикии тоҷик Мирзоғиёси Танбӯрӣ ва Бобоҷалоли Носирӣ (Ота Ҷалол) омӯхтааст.  Пас аз хатми мактаб соли 1929 ӯ ба Самарқанд омада, маҳорати хешро дар назди ҳофизони машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Абдулқодири Найчӣ, Ҳоҷӣ Абдураҳмон, Домулло Ҳалим Ибодов такмил медиҳад.... Уфари Баёт. Он камар бастану ханҷар заданашро нигаред,  Тарфи доман ба миён барзаданашро нигаред.  Ҷониби гиряи ман чун нигарад аз сари ноз, Ханда бар ҷониби дигар заданашро нигаред. Шӯхи ман маст шуду соғари май зад ба сарам, Шӯхию мастию соғар заданашро нигаред. Чун ба он қомати раъно кунад оҳанги чаман, Таъна бар сарву санавбар заданашро нигаред,  Мункирон, оҳи ҷаҳонсӯзи Ҳилолӣ бинед! Ҳар дам оташ ба ҷаҳон дарзаданашро нигаред.