Писари машинисти фақир АВТОМОБИЛ ихтироъ кард ва ҳамаи ҷаҳонро ба он шинонд. Таърихи Mercedes-Benz

Ба ҳамагон маълум аст, ки тамғаи Mercedes-Benz барои дӯстдорони автомобил дар дилхоҳ гӯшаву канори олам шинос буда, барои аксарият он бевосита бо худи калимаи автомобил ҳаммаъно низ ҳаст. Албатта, он дар заминаи холӣ ба вуҷуд наомадааст ва он аз муҳимияти таърихии бренд сарчашма мегирад, зеро 135 сол қабл аз ин инжинери олмонӣ Карл Бенс патентро дар бораи “воситаи нақлиёт, ки бо муҳаррики бензинӣ кор мекунад” соҳиб шуд ва аввалин нафаре гардид, ки барои наслҳои минбаъда фаҳмиши калимаи автомобилро кушод.

Смотрите также