Намозхонии муҳоҷирон дар роҳҳои Русия ҷанҷол барангехт

Мақомоти Русия гуфтанд, рафтори ронандаеро месанҷанд, ки дар аввали моҳи октябр мусофиронро дар дохили автобус монда, худаш ба намоз пардохтааст. Ҳодиса дар минтақаи Хабаровски Русия рух дода, ширкати автобусҳои шаҳрӣ гуфтааст, ронанда муҳоҷири корист. Ҳафтаҳои охир наворҳои зиёде дар саҳифаҳои миллатгароҳои рус дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки муҳоҷирони кориро ҳангоми адои намоз инҷову онҷо нишон медиҳанд. Ин масъала баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Озодӣ дар Твиттер:   / radioiozodi   Озодӣ дар Фейсбук:   / radio.ozodi   Озодӣ дар Инстаграм:   / radioiozodi  

Смотрите также