VIDEO
Баҳманёр Аминӣ, нависандаи шинохтаи тоҷик агар умр вафо мекард имсол 70-сола мешуд. Вай шаби 9 ноябри соли 2020 дар 66-солагӣ дар манзилаш дар Душанбе даргузашт ва дар рустои Ғаззаи поёни шаҳри Панҷакент ба хок супурда шуд. Баҳманёр аз ҷумлаи нависандагони тозагӯе тавсиф мешавад, ки дар насри муосири тоҷик ҷойгоҳ ва сабки хоси худро дошт. Аксари адибону мунаққидони адабиёт аз Баҳманёр ба унвони адибе ном мебарад, ки назмро дар қолаби наср баён мекард ва қаҳрамононаш мардумӣ буданд. Ба муносибати 70-солагии нависандаи маъруфи тоҷик Баҳманёр Радиои Озодӣ ин мустанадро омода кард. Дар филм аз маводи бойгонии шахсии Нодира Машрабова, гузоришҳои Радиои Озодӣ, матолиби нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ", шабакаи телевизиони Панҷакент истифода шудааст. #ozodivideo #радиои_озоди #tajikistan #ozodidoc