Омузиши забони руси бо сурудхо - Ману дарё - Леонид Прилепин - Ольга Лизюкова

Лоик Шерали (1941-2000) – великий таджикский поэт XX века. Однажды известный поэт Мирзо Турсунзаде в Доме писателей Москвы при встрече с творческой элитой России, произнес: «У нас есть поэт, который превзойдет вашего Сергея Есенина. Его зовут Лоик, что в переводе «достойный». Так он достоин своего имени». Ду рахсозему рахпаймо – ману дарё, ману дарё, Ду хамрохему ду танхо – ману дарё, ману дарё. Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кухи, Ба поинхо аз он боло – ману дарё, ману дарё. Ман аз вай шур мегирам, вай аз ман шеър мегирад, Ду пуршурему пурғавғо – ману дарё, ману дарё. Дили у масти туфонҳо, дили ман масти туғёнхо, Ду сармастему пурсавдо – ману дарё, ману дарё. Ғазал мехонад у, ман ҳам, фиғон месозад у, ман ҳам, Ду шоир, ду дили шайдо – ману дарё, ману дарё. На парвои маломатҳо, на парвои сиёсатҳо Ду девона, ду бепарво – ману дарё, ману дарё. Ба ёди ёр менолем – ёри орзуҳомон, Ду маҷнунем дар саҳро – ману дарё, ману дарё. Гаҳе дар худ намеғунҷем, меҷушему мешурем Ба қасди соҳилу маҷро – ману дарё, ману дарё. На боки садди раҳ дорему на бок аз халалкорон; Ду ҷуёи раҳи фардо – ману дарё, ману дарё. Ба чандин ранҷу тобу таб суруди зиндаги дар лаб Давонем аз пайи дунё ману дарё, ману дарё... Источник аудио/видео, source: Olga Lizukova    / @lizukova  

Смотрите также