"Ҷигарта бхрм": чаро ҷавонони тоҷик духтаронро таҳқиру латукӯб мекунанд?

"Ҷигарта бхрм" як комплименти тоҷикӣ ба духтарон аст, ки дар аввал шӯху беозор менамуд. Аммо вақтҳои охир дар пайи ин гуна ибораҳову луқмапартоӣ таҳқиру зӯроварии ҷисмонӣ алайҳи ҷинси латиф мушоҳида мешавад. Духтарон бештар ҳадафи таъқиб қарор мегиранд. Ва ё онҳо ахиран дар ин бора бештар гап заданро пеша кардаад. Ахиран дар маркази Душанбе ду духтари 15-сола аз тарафи мардони аз онҳо ба синну сол ду баробар бузургтар мавриди таҳқиру кашмакашӣ қарор гирифтанд. Духтарон ягон рафтору намуди фавқулодаву ғайриоддӣ надоштанд. Чаро ин гуна аст? Онҳое, ки "муҳаббат"-и худро ба духтарон ин қадар бераҳмона нишон медиҳанд кистанд? Кадом духтаронро нишони ҳамла қарор медиҳанд? Кадом роҳҳо ва ҷазоҳои ҳуқуқии масъала вуҷуд доранд? Чӣ бояд кард – аз нигоҳи қонунӣ, институтсионалӣ, шаҳрвандӣ? Дар барномаи навбатии «Рости гап» бо Орзу Исоев ин мавзӯъро баррасӣ кардем - бо коршиносон, фаъолони ҷомеа, осебдидагон ва одамони оддӣ. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт:
Facebook:   / asiaplustj   Instagram:   / asiaplustj   #ростигап #таджикистан #asiaplus

Смотрите также