VIDEO
19 сентябри соли 2010 дар дараи Камароби водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон як корвони нирӯҳои давлатӣ, иборат аз 75 аскару афсар ҳадафи ҳамлаи ғофилгирона қарор гирифт. Гуфта мешуд, ин сарбозонро ба ҷустуҷӯи маҳбусони як моҳ пеш аз боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе фироркарда ба водии Рашт фиристода буданд. Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона, бино ба иттилои расмӣ, 25 аскару афсар кушта шуданд. Манобеи ғайрирасмӣ аз куштан шудани на камтар аз 40 нафар ҳарф мезаданд. Ин шабехуни хунин сабаби шурӯи амалиёти ҳарбии густарда дар водии Рашт шуд, ки 7 моҳ давом кард ва танҳо баъди кушта шудани Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ва Мулло Абдулло Раҳимов, ду гумонбари асосӣ дар ташкили ҳамлаи Камароб ба анҷом расид.