Ахбори Точикистон Имруз - 09.09.2024 | novosti tajikistana

9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бо ҳадафи боло бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон бунёд шудаанд, дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ — роҳбари ширкати ватании “Амид” Саидамон Исомаддинов сохта шудааст. Зимни шиносоӣ бо шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар иншооти тозабунёд ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ифтитоҳи маркази нави савдо ва хизматрасонии “Амид” ба таъсиси 40 ҷойи кории нав замина фароҳам овард. Аз шумораи умумии сокинони бо кор таъминшуда 30 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Тарҳи иншоот замонавӣ буда, дар он маркази фурӯши маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор, коргоҳи пухтани хӯрокҳои миллӣ, нонвойхонаи миллӣ ва аврупоӣ, маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо, қаҳвахона, нуқтаи фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ва дорухона мавҷуд мебошад. Бунёди иншооти нав имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд боз ҳам беҳтар гардад. Соҳибкор ният дорад, ки дар ояндаи наздик корро дар ду баст ба роҳ монад ва 20 нафари дигарро бо кор таъмин намояд. Молу маҳсулоте, ки дар маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” ба фурӯш гузошта мешавад, аксаран истеҳсоли ватанӣ буда, дорои сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза мебошанд.

Смотрите также