Пули Милли 25 сола шуд! Подкаст «Пахно» - Шариф Рахимзода #2

30 октябр ба вориди муомилот гардидани сомонӣ ҳамчун асъори миллии кишварамон 25 сол пур мешавад. Чаро Тоҷикистон аз ҳама охир ба асъори миллӣ рӯ овард? Сомонӣ ном гирифтани арзи миллиамон идеяи кӣ буд? Низоми миллии пуливу қарзӣ чӣ гуна бунед шуд? Таҳияи асъори миллӣ чӣ душвориҳое дар пай дошт? Чаро акси устод Мирзо Турсунзодаро дар воҳиди пулии як сомонӣ ҷой доданд? Пайдоиш, таҳавуллот ва рушди асъори миллӣ давоми чоряк аср дар суҳбати ихтисосӣ бо яке аз муаллифони пули миллӣ, собиқ раиси Бонки миллӣ ва ҳоло сарходими илмии Институти иқтисодиет ва демографияи АМИТ Шарифҷон Раҳимзода.

Смотрите также