VIDEO
ЭҲЁИ ДИГАРБОРАИ "МАҲФИЛИ ЗАРИФОН" Инак, баъди чанд соли таваққуф Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии "Маҳфили зарифон" дигарбора эҳё шуд.Охирин бор ин маҳфил соли 2017 баргузор гашта буд. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 Ҷадвали баргузории ҷашну солгардҳо, фестивалҳо, идҳо, озмунҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 тасдиқ гардид ва мутобиқи банди 45-и он даҳаи сеюми моҳи октябри соли 2025 рақобатҳо миёни дастаҳои ҳаваскории донишгоҳу донишкадаҳои кишвар оғоз мегарданд. Маҳфиле, ки мисли озмунҳои дигари ҳунарӣ дар дарёфт ва муаррифӣ кардани чеҳраҳои нави ҳунарӣ, махсусан маҳорати ҳаҷвнигорию овозхонӣ, дар Тоҷикистон ҳамеша мусоидат кардааст. Ҳунармандоне чун Бахтиёр Раҳимов, Ташриф Халилов, Умедҷони Султонзод, Сайдаҳмад Холов, Ғолиб Мӯсоев, Исмоил Набиев, Дилшод Раҳимов, Вайсиддини Шариф ва ғайра маҳз тавассути иштирок дар "Маҳфили зарифон" муаррифӣ шудаанд ва имрӯз фаъолияти ҳунарии худро давом дода истодаанд. Дигар ин, ки ҳоло ҳам дар олами "Интернет", махсусан дар "Ютуб", "Маҳфили зарифон"-и солҳои пеш баргузоршуда аз пурбинандатарин наворҳоянд. Аз ин рӯ, метавон чунин хулоса кард, ки дигарбора эҳё шудани Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии "Маҳфили зарифон" барои донишҷӯёни соҳибзавқ пайки нек аст. Масъули асосии баргузории "Маҳфили зарифон" Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, вале ниҳодҳои дигаре чун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ғайра дар пиёда кардани ин ҳадафи фарҳангию маърифатӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамдастанд. ШАРҲИ МУНДАРИҶАВИИ НИЗОМНОМАИ ОЗМУН Низомномаи нави Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии "Маҳфили зарифон" аз низономаҳои дар солҳои қабл амалкунанда аз чанд ҷиҳат тафовут дорад. Аз ҷумла, бо назардошти дар чанд соли охир ҳамапазир шудани жанри ҳаҷвии "Стендап" ин навъи кори ҳунарӣ низ дар рӯйхати шаш бахши "Маҳфили зарифон" ҷой дода шудааст. Дастаи ҳаваскорони донишгоҳу донишкадаҳо кори худро аз ироаи "Саломнома" сар карда, дар идома бо истифода аз зарфиятҳои соҳаи ҳаҷв бахшҳоеро монанди "Суруди ҳаҷвӣ", "Саҳначаи ҳаҷвӣ", "Тақлид" ва ғайра пешниҳод менамоянд. Барои ҳар бахш дақиқаҳои муайяне пешбинӣ гаштаанд ва дастаҳо муваззафанд, ки аз доираи он берун набароянд. Дастаҳое, ки дар таҳияи бахшҳо аз технологияи муосир, аз ҷумла экрани бузурги дар толор насбшуда истифода мебаранд, дар раванди натиҷагирӣ бештар мавриди таваҷҷуҳи доварон қарор мегиранд. Дар таҳияи бахшҳо барои ҳаваскорон маҳдудиятҳое монанди истифода накардани фонограма вуҷуд дорад. Инчунин, ҳар донишгоҳу донишкада ҳақ дорад, ки аз ҳисоби донишҷӯёни соҳибмаҳорат то 16 нафарро ба дастаҳояшон шомил созад. Набояд дастаҳо дар таҳияи бахшҳо меъёри забони адабии тоҷикиро вайрон кунанд. Ҳамин аст, ки донишгоҳу донишкадаҳо ҷиҳати омода кардани дастаҳояшон имкони ҷалби коргардонҳои касбии соҳаи ҳаҷвро доранд. Агарчи ин нукта дар низомномаи озмун зикр нашудааст, вале Дилошӯб Розиқзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бо назардошти тавассути телевизион пахш шудани ин маҳфил ҷалби коргардонҳои касбиро ҷиҳати омода кардани дастаҳо амри зарурӣ унвон кард. Озмун дар се давр баргузор шуда, тавассути "Телевизиони Тоҷикистон" намоиш дода мешавад. Дар интиҳои кор дастаҳои ғолиб бо мукофотпулии ҳаҷман бузург ва "Сипоснома"-и ниҳоди баргузоркунандаи Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии "Маҳфили зарифон" сарфароз гардонида мешаванд.