ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ ШАФТОЛУ ДАР БОҒҲОИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Танҳо дар Ҷамоати деҳоти "Узун"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати беш аз 300 гектар шафтолубоғ мавҷуд буда, дар он 13 навъи шафтолу парвариш карда мешавад. Шафтолуи ин боғот давра ба давра пухта мерасад ва аз моҳи май то сентябр ҳосили онро ғундоштан мумкин аст. Ҳосил имсол фаровон буда, соҳибкорон аз манотиқи гуногуни кишвар барои харидории ин меваи шаҳдбор меоянд. Ҳар рӯз аз хоҷагии деҳқонии ба номи Сафар Ҷумъаев то 3-4 тонна навъҳои мухталифи шафтолу содирот карда мешавад. Дар ин мавзеъ феълан то 35 нафар машғул ба ҳосилғундорӣ ва консервасозии шафтолу машғул буда, бо ҳақмузди моҳона таъмин мебошанд. Гузориши ТВ "Ҷаҳоннамо"

Смотрите также