ҶАСАДИ ҚОРӢ АКБАР - ШАВҲАРИ “СНИКЕРСЧА”-РО ДАР РУСИЯ АЗ ҶАНГАЛ ЁФТАНД

"Матин Блог", канале, ки бештар хабарҳои марбут ба шоу-бизнеси тоҷикро пайгирӣ мекунад, рӯзи 29 майи соли 2024 хабар дод, ки “баъди 2 моҳи кофтуков ҷасади беҷони ба қисмҳо ҷудо карда шудаи Қорӣ Акбарро аз яке аз ҷангалҳои наздикии шаҳри Маскав пайдо карда, ба морг бурдаанд. Рӯзи 26-уми май ӯро наздиконаш баъди чанд моҳи бедарак будан дар морг пайдо карданд. Ҳамагон ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳайси шавҳари “Сникерсча” мешинохтанд”. “Матин Блог” меафзояд, ки ҳатто шинохтани ҷасад душвор буд. Бо ин ҳол, менависад муаллифи хабар, то ҳол муайян нашудааст, ки Қорӣ Акбарро кӣ, кай ва барои чӣ куштааст? Бино ба иттилои ини канал, Қорӣ Акбар зодаи шаҳри Ваҳдат буда, тӯли чанд соли охир дар шаҳри Маскав кор ва фаъолият мекард, аммо 2 моҳ қабл ногаҳон ғайб зад ва аҳли хонаводааш аз ин хавотир гашта, дар ҷустуҷӯяш афтода буданд. Сникерсча” тахаллуси блогери ҷанҷолбарангези 20-солаи тоҷик Фотима Қурбонова буд, ки бо видеоҳои пур аз дашномаш ном бароварда буд ва ба ин далел, 10 шабонарӯз ҳабс ҳам шуд. “Сникерсча” қаблан бо чеҳраи фотошопшуда зери ягон мусиқӣ мерақсид ваё бо ягон ибораи, ба қавли маъруф, “сексӣ”, вале дар асл бо дашномҳои қабеҳ барои худ ном сохта, кӯшиш мекард, ки бо ҳамин шева таваҷҷуҳи тамошобинонашро ба каналҳои худ ҷалб кунад. Вале як сол пеш ӯ якбора ҳама видеоҳои пурдашноми худро аз Интернет пок кард ва дар Инстаграм саҳифаи нав кушода, дар он танҳо видеоҳои ба истилоҳ “бамаънӣ” мегузошт. Дар ин видеоҳо “Сникерсча” ҳамеша бо ҳиҷоб ва баъзан ҳамроҳи ҷавони дӯстдоштааш зоҳир мешуд. Гуфта мешуд, ки як ҷавони диндор ба “Сникерсча” изҳори муҳаббат кардааст, вале қабл аз издивоҷ шарташ гузоштааст, ки нашри видеоҳои бемаънияшро бас мекунад ва рӯ ба дин меорад.

Смотрите также