VIDEO
Бо соҳибкори муваффақе вохӯрӣ доштам. Барояш лоиҳаи филмеро барои ҳамкорӣ пешниҳод намудам. Дар бораи идеяи филм ва таъсири муҳими ӯ ба тарбияи насли наврас шарҳ дода баён намудам, ки ният дорем тавассути ин филм ҳамчунин табиати зебову нотакрори Тоҷикистонро дар фестивалҳои байналмиллалӣ муаррифӣ намоем. Ва бо ҳаяҷон чанд саҳнаҳои ҷолиби филмро барояш тасвир кардам. Ӯ бодиққат ҳарфҳоямро гӯш кард ва дар анҷом гуфт: • Филмро чи кор мекунӣ биё дар ширкати ман кор кун. Муҳиддин, фикрҳоят ба ман маъқул шуд. Дар шӯъбаи маркетинги мо ту барин коргардон намерасад, биё он ҷо кор кун. Рекламаҳои зур соз. Пул кор кун. Худатро филм гуфта чи зиқ мекунӣ?! Вохӯрии мо бенатиҷа анҷом ёфт вале дар оҳанги дӯстиву эҳтиром ба якдигар. Ӯ ба ман раҳм карду ман ба Ӯ. Хулоса кардем, ки ҳатман мо бояд минбаре дошта бошем барои сӯҳбат дар бораи кино. Пас аз зиёда аз 15 соли корӣ дар синамо дарк кардам, ки ҷомеаи МО (афкори умум) ҳанӯз маълумоти кофӣ дар бораи соҳаи синамо ва аҳмияту таъсири он надорад. Дар бораи чи гуна сохта шудани филм, дар бораи чи қадар нозуку мушкил будани ин соҳа ва дар бораи чи қадар таъсиргузор будани кино МО хеле ва хеле кам медонем. Мо медонем, ки кишварҳо чи қадар маблағҳои зиёд сарф мекунанд барои кино вале намедонем, ки барои чи мо бояд кинои худамонро созем. Мо медонем, ки кинои мо бояд рушд кунад вале намедонем, ки рушди он аз ҳар кадоми мо вобаста аст. Шояд мо донем ҳам рушди кино аз ҳар яки мо вобаста аст вале вақте кинои тоҷикӣ мебарояд ба кинотеатр намеоем. Ва ҳазорҳо фикрҳои дигар... Пояи асосии рушди соҳа дарки моҳияту қадрдонии он аст. Қадри зарро дониста МО заргарро эътироф ва ҳимоят мекунем. Фикр мекунем роҳи ягона сӯҳбат кардан аст дар бораи кино... Пайваста... Инак "ДОВ Подкаст" ҳар ҳафта рӯзи шанбе соати 19:00 дар ютубканали "Довфилм". Шуморо даъват мекунем ба канали "Довфилм". Пайваст шавед ва омода бошед барои тамошо. Барои сӯҳбат. МО ДАР БОРАИ КИНО СӮҲБАТ МЕКУНЕМ!