Муночот - Али Гуям, Али Чуям | Андалеби Шукруллох

Альбом - Навои Ишк    • Навои Ишк | Navoi Ishk   Муночот - Али Гуям, Али Чуям Исполнитель – Андалеби Шукруллох    • Муночот - Ту, Ай Мавло, Алии Муртазои | Ан...   Текст Маро Дар Тан Бувад То Ҷон, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям, Биҷунбад То Рагам Дар Ҷон, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Зи Пайдову Зи Пинҳонам, Ҳамин Як Ҳарфро Донам, Ки Дар Пайдову Дар Пинҳон Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Агар Аҳли Хароботам, В-агар Шайхи Муноҷотам, Ба Ҳар Ойин, Ба Ҳар Достон Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Алӣ Дин Асту Имонам, Алӣ Дард Асту Дармонам, Чӣ Бо Дарду Чӣ Бо Дармон, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Алӣ Ҳаллоли Мушкилҳо, Алӣ Оромиши Дилҳо, Кунад То Мушкилам Осон, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Зи Меҳри Ӯ Сиришти Ман, Ҷамоли Ӯ Биҳишти Ман, Ҳам Андар Равзаи Ризвон, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Зи Сура-Сураи Қуръон, Зи «Ёсин»-У Зи «Ар-Раҳмон». Ба Хар Оят Зи Ҳар Тибён, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Агар Аз Васл Хушҳолам, В-агар Аз Хаҷр Менолам, Чӣ Бо Васлу Чӣ Бо Хиҷрон, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Ба Комам То Забон Бошад, Забон То Дар Даҳон Бошад, Ба Ҳар Лутфу Ба Ҳар Унвон, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Алӣ Мавлои Дарвешон, Сафобахши Дили Эшон, Ба Ҳар Дарде Пайи Дармон, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Зи Меҳраш Масту Ҳайронам, Ғаму Шодӣ Намедонам, Чӣ Дар Боғу Чи Дар Бӯстон, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Ман Он Мурғи Шабовезам, Ба Зикри Ӯ Саҳархезам, Ҳама Шаб Бо Ҳазор Афғон, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. Ба Маҳшар Чун Барорам Сар, Ба Назди Холиқи Акбар, Ба Гоҳи Пурсишу Мизон, Алӣ Гӯям, Алӣ Чӯям. ╔═╦╗╔╦╗╔═╦═╦╦╦╦╗╔═╗ ║╚╣║║║╚╣╚╣╔╣╔╣║╚╣═╣ ╠╗║╚╝║║╠╗║╚╣║║║║║═╣ ╚═╩══╩═╩═╩═╩╝╚╩═╩═╝ #pamirhouse #munojot #qasida

Смотрите также