Зиёрати марқади Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1721) дар шаҳри Деҳлӣ #дели

   • Дар бозори Чанди Чоук(Ҳиндустон) Хариду са...      • Оё ҳамаи ҳиндуҳо суруд мехонанд? Суҳбат да...      • Парии Ҳисорӣ: Аз шеър то сиёсат. Бо муҳаққ...   Абдулқодир Бедил ё Бедили Диҳлавӣ шоир, нависанда ва файласуфи бузург Мирзо Абдулқодири Бедил шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ӯ дар сарзамини Ҳиндустон чароғи илму адаби моро боз ҳам фурӯзонтар кард. Дар қарнҳои минбаъда ҳамзамононаш ба ӯ унвони фахрии Абулмаонӣ, яъне падари маъниҳоро муносиб диданд. Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон буда, дар байни тоҷикони Осиёи Миёна ва Афғонистон шӯҳрати бузург дорад. Бедил дар эҷодиёти худ умдатарин қисмати осори бадеӣ ва ҳунари адабии шоирони форсу тоҷикро аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ ва андешаҳои адабию фалсафии Саноию Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва Ибни Арабиро таҳлил намудааст. Фалсафаи бостонии Эрони Қадим, Юнону Ҳинд ва араб ба инкишофи ақидаҳои адабию фалсафӣ замина гузоштаанд, ки дар натиҷаи бардошт аз дастовардҳои гузаштагон Мирзо Бедил афкори фалсафии хешро қавӣ намуд. Аҳли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд, ки ифодаи падари маъниҳоро дорад. Падар ва бобои Бедил аз мардуми атрофи Самарқанд буда, дар замони хунрезиҳои мазҳабии хонҳои ӯзбек ва Сафавиёни Эрон тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд. Гузаштагони Бедил аз сипоҳиён будаанд ва худи ӯ низ сипоҳизода аст. Садриддин Айнӣ ба таркиби номи Бедил ва хешовандонаш илова гардидани калимаи «мирзо»-ро далели сардори бузург будани яке аз гузаштагонаш донистааст. Бедил забони худро форсӣ гуфтааст. Ў дар шаҳри Азимобод таваллуд шуда, дар тифлӣ аз падар ятим мондааст. Тарбияи модари хушсаводашро гирифта дар 5-6 солагӣ ба мактаб рафтааст. Дар 7- солагӣ Қуръонро аз ёд карда, то 10-солагӣ ба омӯзиши сарфу наҳви арабӣ ва мутолиаи осори назму насри форсу тоҷик шуғл варзид. Соҳиби истеъдоди фавкулоддаи фитрӣ буд. Баъди вафоти падараш тарбияи Бедилро амакаш Мирзо Қаландар ба ӯҳда гирифт. Бо ташвиқи амакаш мадрасаро тарк намуда, (дар назари Мирзо Қаландар таҳсил дар мадраса афсонахонӣ буда, монеи равнақи истеъдоди хақиқӣ мешуд), ба худомӯзӣ гузашт. Илмҳои расмӣ ва тасаввуфро аз шайх Камол ном шахс, тафсиру ҳадис ва адабиёти арабро дар пеши тағояш – Мирзо Зариф омӯхт. Ташаккули афкори Бедил ба маҳфили Мирзо Қаландар сахт вобастагӣ дошт. Дар маҳфили ӯ донишмандон, аҳли дину оинҳои гуногун иштирок доштанд, ки Бедил онҳоро устодони маънавии худ медонад. Ақидаҳои адабию фалсафии Бедил аз ду сарчашма, сарчашмаи исломӣ ва ҳиндӣ шодоб гардидаанд. Бедил дар 12-16-солагӣ ба таъсири таълимоти дини илоҳӣ ба илму дониш ва тариқатҳои мухталифи динӣ майл кард. Дар 17-солагӣ ҳамроҳи тағояш Мирзо Зариф ба мулки Удеса (ҷануби Ҳиндустон) сафар карда, бо олим ва руҳшиноси машҳур Шоҳ Қосими Ҳуваллоҳӣ шинос шуд ва дар назди  ӯ се сол дониши худро такмил дод. Баъди ин ба  шеър гуфтан сар кард. Дар ин айём Мирзо Зариф ва Мирзо Қаландар паиҳам аз олам гузаштанд. Бедил дар 21- солагӣ ба роҳи зиндагии мустақил ва ба пояи нави фикрӣ қадам гузошт. Шоир зодгоҳи худро тарк намуда, ба Дехлӣ рафт ва бо Шоҳкобулӣ ном маҷзуби ҳиндинажод шинос шуда, ба тариқати маҷзубия майл кард. Бедил дар 25-солагӣ хонадор шуда, барои таъмини маишати оила чанд вақт дар дарбори Аъзамшоҳ касби падар - сипоҳигариро ихтиёр кард. Вале навкарии Аъзамшоҳ ва муҳити дарбор ба эътиқоду табиати озодихоҳ ва маъниҷӯи Бедил созгор наафтод. Яке аз наздикони Бедил шоирии ӯро ба шоҳзода хабар дод, шоҳзода аз Бедил дар мадҳи худ қасидае дархост кард. Бедил ин муддаоро рад кард ва аз хизмати шоҳ даст кашид. Бедил пас аз тарки навкарӣ аз Деҳлӣ ба Акбаробод (Агра) рафта, дар маҳфилҳои адабӣ иштирок карда, бо шоиру донишмандони давр Зуҳурӣ, Иззат ва дигарон ошноӣ ва бо ҳокими фозилу шеърдӯст Мири Комгор дӯстӣ пайдо кард. Дар натиҷаи авҷи амалиёти мутаассибонаи Аврангзеб (солҳои 1658-1707) вазъи сиёсии пойтахт тезу тунд гардида, дар музофотҳо шӯриш ба амал меомад. Бедил бо маслиҳати дӯстон дар сурати маҷзуб ба Лоҳур (Панҷоб) рафт. Дар ин сафар Бедил бо яке  аз олимону шоирони давр бо Шукруллохони Наввоб вохӯрда унс гирифт. Бо ёрии Шукруллохон дар Лоҳур, Кашмир, Мултон, Сарҳинд ва ҳоказо саёҳат карда, бо олимон, шоирон, донишмандони мусулмону ҳинду суҳбатҳои илмию адабӣ орост. Зиндагии Бедил то соли1696 дар шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон бо сарпарастии Шукруллохон гузашт. Баъди Шукруллохонро ба Деҳлӣ даъват карда, мансаби баландтаре додани Аврангзеб Бедил низ ба Деҳлӣ омада, то охири умр он ҷо монд. Бедил дар шароити таърихии сиёсию иқтисодии мураккабе зиндагӣ ва эҷод карда, дар муддати 77 соли умри худ 11 подшоҳро дидааст. Бедил адиб ва файласуфи сермаҳсул буд. Аз мероси ӯ 65 ҳазор байт осори манзум ва қариб 50 ҷузъи чопӣ асарҳои насрӣ боқӣ мондааст. Қисми асосии асарҳои Бедил дар «Куллиёт»-аш, ки соли 1882 дар Бомбей чоп шудааст, гирд омадаанд: «Дебоча», «Ирфон», «Тури маърифат», «Нукот», «Ишорот ва ҳикоёт», «Руқаот», «Чор унсур», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», «Ғазалиёт», «Рубоиёт», «Қасоид», «Қитъаот», «Таркибот ва тарҷеот», «Ташбеҳот ва тамсилот", «Тилисми ҳайрат", «Муҳити аъзам», «Тури маърифат» ва ғ.

Смотрите также