Кору таҳсили Дилшода Дар Олмон

Дилшода Саидова меҳмони барномаи "Ҷило" шуд. Ӯ пайраҳаи аҷибе дорад. Дар Душанбе риштаи форматсевтиро хатм карда, бо мақсади идома додани таҳсил ва таҷриба андӯхтан ба Олмон рафт. Зиёда аз ду сол мешавад, ки дар Олмон буда, ҳам таҳсил мекунаду ҳам кор. Дар барномаи "Ҷило" мо бо Дилшода доир ба таҳсилу кор дар Олмон, муносибати олмониҳо бо як духтари тоҷик, даромаду хароҷот ва ғайраҳо суҳбат кардем. Бо мақсади аз ҳаёту таҳсил, кору комёбиҳои ҷавонони тоҷики дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта бохабар шудан барномаи “Ҷило”-ро роҳандозӣ кардем. Ин барнома метавонад аз шукуфтани садҳо нафар гӯяд ва боз ба садҳои дигар ангеза диҳад, ки онҳо ҳам метавонанд берун аз ҷумҳурӣ таҳсил кунанд. ҶИЛО аз ҷилои ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар мегӯяд. Instagram h_tohiri Telegram

Смотрите также